Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Имрӯз аксари кулли деҳқону коргар ва зиёиёни тоҷик беқоғаз, бадаҳатан даҳ — понздаҳ дақиқа сухани пурмаънӣ ва сараю фасеҳ гуфтан наметавонанд. Ин ҳолро сабаб чист? Чаро нутқи гӯё ва буррои мардуми мо ба ин тариқ беранг, пуч, пурхато ва қоғазӣ гаштааст?
Сабаби ин табоҳию харобӣ чӣ бошад? Чаро тоҷикон саросар саводнок гашта бошанд ҳам, қобилияти андешидани фарох ва ибрози афкори пурмаъниро гум кардаанд? Ҳоло вақт аст, ки дар атрофи ин чунин масъалаҳо низ биандешем.
Аз тасодуф нест, имрӯз вазъи забони тоҷикӣ дар ҳама шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва гузашта аз он, дар кӯҳу барзан ва дару боми Сариосиёбу Деҳнав, Деҳқонободу Шаҳрисабз, Самарқанду Бухоро, Порашду Нурато, Сирдарёву Сӯх ва садҳо дигар мавзеъҳои ҳудуди имрӯзаи Ӯзбекистон низ мавриди гуфтугузорҳо ва муҳокамаю мунозараҳо гардидааст.
Нуфуси тоҷиконе, ки аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон берун мондаанд, аслан аз тоҷикзабонони дохили республика бештар аст. Тоҷикони беруни республика дар баъзе маҳал агар ҷабран аз рӯзномаву китобу мактаб ва кӯдакистонҳои тоҷикӣ ва дигар ҳуқуқҳои миллии худ маҳрум гашта бошанд ҳам, бахше то ба имрӯз ба сахтиҳо ва маҳрумиҳо тан надода, мактабҳои тоҷикии худро нигоҳ доштаанд.
Вале афсӯси ман аз он аст, ки дар силки ходимони маорифи мо ҳоло тангназароне кам нестанд, ки ба чандин ранг баҳонаҳо таҳсили фарзандони тоҷикони берун аз ҳудуди республикаро монеъ мешаванд. Овони имтиҳоноти қабули соли рафта ин даъвии маро собит мекунад.
Дар Гурҷистон қонунан гурҷизабони аз Осиёи Миёна ва дигар кишварҳои берун аз ҳудуди республикаашон омадаро ба донишгоҳҳо ба тарзи соҳибимтиёз — беконкурс қабул мекунанд. Бародарони қирғизистонӣ ҳам аз райони Ҷирғатоли мо ва дигар кишварҳо ба нияти таҳсили илм омадаро соҳибимтиёз кардаанд.
Мо дар Тоҷикистон чун ба ҳамзабонони худ дасти ёрӣ дароз кардан наметавонем, чи хуш буд, агар монеи азми ин миллатдӯстони азизи худ намегаштем. Ин амал ҳам дар радифи забоншиносию худшиносиҳо барои мо зиёиёни тоҷик як амри воҷиб аст.
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар республикаи мо шахсоне, ки макони мавлудашон берун аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон аст, аз ваҷҳи пешниҳод ба вазифаҳо ва тақдири хидмат ба баъзе табъиз низ гирифторанд... Он рӯз дур нест, ки суди таърих аз рӯи ин ҷиноят ҳам парда хоҳад бардошт.
Хулосаи калом, мо бояд ки ба мардуми кишвар забони модарии ӯро боздиҳем, забонеро, ки аз азал то абад модари тоҷик ба он лолоӣ гуфту боз мегӯяд, забонеро ки ба он шоиронаш шоҳномаҳо эҷод кардаанд, олимонаш қомусу фарҳангҳое аз қаъри ҳазорсолҳо доранд ва як тамаддуни бо олам машҳуреро бунёд ниҳода, асрҳо ба ин забон ҳукуматдорӣ кардаанд, имрӯз дигарбора ба сари минбарҳо бояд бароварем ва мақоми қонуниашро ба он бубахшем! Мо бояд, ки ба мардум забони шукӯҳманди ниёгонамонро бозгардонем, то ӯ дигар аз сухан гуфтан ба ин забон чи дар хона ва чи дар минбар хиҷолат накашад, худро бечораю ҳақир эҳсос накунад. Забони тоҷикӣ на фақат дар пахтазорон, балки дар идораҳои ҳукумати Тоҷикистон низ бояд баланд садо диҳад.
Чашми умед мепарад, ки ин орзуи деринсол ба мардуми мо насибу арзонӣ хоҳад гашт.
1989

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо