Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо дар тули ин солҳо аз паи нақшаҳои панҷсола гаштему худро ба кӯчаи сарбастае андохтем, ки ҳоло роҳи аз он берун рафтанро меҷӯем.
Партияҳои марксистии мамлакатҳои сосиалистӣ ба шароити нави иқтисодиёти тиҷоратӣ ва гуногунфирқавӣ мувофиқат карда натавонистанд. Вале дар мамлакати мо КПСС ҳанӯз мақом ва нуфуси зиёд дорад ва афкори ҷамоа ҳамеша моил ба кӯҳнагӣ аст, бинобарон, ҳамдаст бо фирқавиён ба иктисодиёти тиҷоратӣ гузаштани мардуми мамлакат камосебтар хоҳад гашт. Вале фирқавиёни мо боист, ки аз хеле ақоиди хаёломези худ роҷеъ ба қонунҳои пешрафти ҷамъият даргузаранд.
Ба гумони ман маҳз дар сари ин нукта раҳбарони фирқаи коммунистии мо қатъият зоҳир накарданд. Михаил Горбачев бештар ба иқтисодиёти давлатӣ таваҷҷӯҳ карду ба тарафдории плонкашии марказӣ ва устувории комитаҳои фирқавӣ кӯшиш ба кор бурд, яъне ӯ бештар ҳамчун котиби фирқа амал кард, на ҳамчун президенти мамлакат! Аз ҳамин беқатъиятии президент бозсозӣ то имрӯз самараи матлуб наовард.
Агар аз ин меъёри ба фаъолияти ҳукумати Тоҷикис тон ва Шӯрои олии он назар афканем, боз бештар малолат хоҳем кашид: раҳбарони мо ҳанӯз зарурати иқтисодиёти тиҷоратиро чунон ки боист сарфаҳм нарафтанашон ба ҳамин аён аст.
Мо дар сесияи чоруми Шӯрои олии Тоҷикистон пештар аз дигарон шитобзада ва саросема аҳдномаи умумиттифоқиро қабул кардем. Ҳол он ки вакилони ҳушманди ҷумҳуриятҳои дигар дар маҷлисҳои анҷумани чоруми Шӯрои олии СССР моддаҳои беасос ва мантиқан хоми онро ҳаққонӣ таҳлил ва танқид карданд ва онро дар ҳамон шакле, ки мо қабулаш намудем рад намуданд.
Аҳдномаи умумиттифоқӣ боист, ки аҳдномаи ҳамкориву ҳамҷиҳатии баробарҳуқуқ, маҳзари бародарию мустақилиродагӣ ва додугирифти холисона бояд бошад.
Аммо ҳар касе, ки ба диққат матни он аҳдномаро мулоҳиза мекунад, ақоиди ба ҳам мухолифи зиёдеро мебинад, хусусан баъди қабули декларасияи истиқлолият аз тарафи ҷумҳуриятҳои мо чигуна онро шарҳу эзоҳ карданро ман намедонам.

пешина
аз 393
навбатӣ