Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Масалан, дар фасли аввал гуфта шудааст, ки ҳар як ҷумҳурияти шарики аҳдномаи мазкур давлати мустақил аст ва дар қаламрави кишвари худ комилан ҳуқуқи ҳокимияти давлатиро дорост. Вале аз баъзе моддаҳои фаслҳои ду ва се чунин бармеояд, ки ин ҳуқуқҳо ҳама бар бод мераванду идораҳои ҷумҳурият боз ҳамчун иҷрокунандагони амру фармони марказ хоҳанд монд.
Ба ғайр аз ин, агар ҷумҳурият истиқлолеро соҳиб аст, боист, ки бо мамлакатҳои хориҷӣ ҳуқуқи тиҷорат ва муомилот дошта бошад, вагарна истиқлоли мо сафсатаи пуче беш нест ва он норозигӣ ва ба якдигар кинаварзии миллатҳоро сабаб хоҳад гашт. Агар вакилони парламенти Тоҷикистон дақиқтар меандешиданд, номувофиқӣ ва баъзе моддаҳои куллан хилофи онро ба Конститусияи СССР идрок мекарданд. Ҳайфо, ки вакилони мо ин бор ҳам дар умури давлатдорӣ бевуқуфии худро ва ё сирфан беҷасоратии худро зоҳир карданд. Аз ҳеҷ вакиле гуши мо нашунида, ки баъди қабули аҳднома мо конститутсияро мансух кардем.
Чӣ чора, мегӯянд, ки ҳар як халқ ҳукуматеро дорад, ки лоиқи он аст. Ва дар урфи мо низ гӯянд: акси калла ба шӯрбо. Вагарна, имрӯз дар ҷаҳон кӣ намедонад, ки диктатураи пролетариат, барҳам задани моликияти хусусӣ ба васоили истеҳсолот ва замин ҳатто миллати ба таври олӣ муташаккил ва мутамаддин, соҳибҳунар ва заҳматписанди немисро дар Олмони шарқӣ даҳҳо сол аз равнақ боздошт.
Дар гирди мавзӯъи ба мулки хусусӣ додани бахше аз заминҳои колхозу совхозҳо, ҷорӣ кардани моликияти гуногун дар шаҳру деҳот, ба мардум фурӯхтани бахши асосии воситаҳои истеҳсолот, мағозаву корхонаҳо ва ғайра, ки бе ин корҳо иқтисодиёти тиҷоратӣ ба ҷуз гапи пуч чизе беш нест, парламенти Тоҷикистон алҳол мавқеъи иртиҷоъӣ гирифт.
Хайрияти кор, ба қарибӣ президент Горбачев дар гузориши худ гуфт, ки бо фармони махсус ба ҳукумати ҷумҳуриятҳо пешниҳод мекунад, ба ононе, ки дар деҳот ба киштукор машғулӣ доранд, бар замми замини рӯидаричаашон боз замин дода шавад.
Ҷамъияти мо ки аз суханбофиҳои пуч дар ҳақи ҳаёти осоишта алҳақ ба ҷон омада буд, бинобар он аз бозсозӣ умедҳои зиёд дошт. Дареғо, ки аҳволи ӯ беҳтар нашуд ва дар як ҷо пойкӯбон гаштани бозсозӣ ҳоло ҳамаро ба ташвиш овардааст.
Имрӯз баъзеҳо мардумро аз хатари диктатура ба таҳлука меандозанд. Ба гумони ман, хавфи диктатура аз сари мо нагузаштаст, агарчи он устувор нахоҳад монд, зеро мардумро минбаъд дар банду баст гирифта ба зӯрию тааддӣ кор фармудани натавон. Ба ғайр аз ин агар таърихи даврони истибдод ибрате бошад, аз деҳоти Русия саросар фирор кардани деҳқонон бар асари диктатураи сталиниву брежневӣ ҳанӯз аз ёдҳо фаромӯш нагаштааст. Ва ҷаҳониён низ чунин диктатураро дастгирӣ намекунанд ва бедастгирии оламиён ҳеҷ давлати имрӯзӣ дер намепояд. Агар он бозояд, кишвари бетолеъи моро боз якчанд даҳсолаҳо ба қафо хоҳад андохт.
Мардумони баҳуш имрӯз дар тааҷҷубанд, ки чаро мо чанд сол аст, ки аз хусуси гузаштан ба иқтисодиёти тиҷоратӣ сухан мекунему вале ҳанӯз ҳам барномаи саҳеҳи ин ислоҳоти муҳимро надорем. Чаро барномаи хеле возеҳи Шаталинро қабул накардем? Мабодо, ки боз ҳам мо аз рӯи одати пешин қавли мо ба фаъолияти мо мухолиф бошад.
Мегӯянд, ки нодон аз саҳву хатоҳои худ сабақ мегираду зирак аз саҳви дигарон. Наход ки мо на аз таърихи ҳафтод соли худ ва на аз тақдири дигарон ибрате нагирем? Баъзе аз мардони сиёсӣ имрӯз мегӯянд, инқилобе, ки ба шакли бозсозӣ аз боло шурӯъ гашта буд, ба ҳамин минвол дар нимараҳ ба поён расид, бюрократия дигар ба давом додани он манфиатдор нест. Гумони ман чунин аст, ки бӯҳрони иқтисодию сиёсӣ ҳанӯз шиддат дорад ва бозсозӣ хоҳ аз боло, хоҳ аз поён идома хоҳад кард, зеро сабабҳое, ки онро ба вуҷуд овард, ҳанӯз бартараф нагаштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор