Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Вазъи имрӯзу фардои моро ба қарибӣ иқтисодшиноси маъруфи ғарб З.Алфандери, ки муддате дар Маскав буд ва бо мушовирони иқтисодшиноси Михаил Горбачев гуфтугузориҳо дошт, дар саҳифаҳои маҷаллаи “Париматч”- и фарансавӣ чунин тавзеҳ кард:
“...Иқтисодшиносони олам ҳаргиз ба чунин вазъият сару кор надошта буданд, бинобар он, аксари онон ба Иттиҳоди Шӯравӣ меоянду бӯҳронро месанҷанд, таҳлил мекунанд ва фавран аз он диёр мегурезанд...
Бюрократия аз ӯҳдаи кор намебарояд, номенклатура ислоҳоти ҳақиқӣ гузаронидан намехоҳад, зеро ислоҳот дар ниҳояти кор бар зарари ин тоифа аст...” Ба ақидаи мутахассисин бӯҳрони иқтисодии моро ду сабаб аст: яке — тартиботи мамлакатдории нодуруст ва ҷиддан манфиатманд набудани инсон аз натиҷаи фаъолияти худ ва дигаре — саҳву хатоҳои ҷиддӣ дар боби идораи иқтисодиёт.
Имрӯз ҳама медонанд, ки маҳз сиёсати давлатдории мо ривоҷи иқтисодиёти тиҷоратиро монеъ гашта онро ба хуфиякорӣ мубаддал мекунад.
Тирамоҳи соли 1990 бо супориши сардорони ҳафт давлати мутараққии Ғарб ва бо ризояти Ҳукумати мо дар СССР қариб ҳаштод нафар мутахассисон вазъи иқтисодиёти мамлакатро санҷида таҳлил карданд ва дастурҳои зарурӣ пешниҳод намуданд. Дар он миён дорандаи ҷоизаи Нобел роҷеъ ба иқтисодиёт Э.Эрроу низ буд. Пешниҳодоти ин гурӯҳро амал бастан ҳар як кишварро аз чанголи бӯҳрони шадид берун оварданаш таъин бошад ҳам, аз чи бошад, ки сардорони ҳукумати мо ба он ҳанӯз амал намекунанд. Ин мутахассисон дар тавсиаи худ возеҳ таъин карданд, ки бозгашт ба усули назорати марказӣ умедбахш нест ва ҳар чи зудтар ба иқтисодиёти тиҷоратӣ шурӯъ кардан иқтисодиёти мамлакатро ба танзим меоварад.
Инак, имрӯз вазъият равшан аст: ё бо роҳи демократия ва плюрализм меравему ба соҳили мурод — серию пурӣ ва осудаҳолӣ мерасем... ва ё дар қайди диктатура ва фармонравоиҳо боз бештар бенаво хоҳем гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор