Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ТО БА КАЙ ДАР ҲОВАН ОБРО
МЕКӮБЕМ?
Як нафар аз дӯстонам мегуфт, ки шабҳангом аз телевизион маҷлисҳои парламенти СССР ва мулоқоту мусоҳиботи гуногунро гӯш мекунаду эътимод пайдо менамояд, ки айёми нав, даврони фошгӯиву бозсозӣ дар ҳама ҷо тантана дорад. Вале рӯзи фардо аз дарвозаи корхонааш ба дарун қадам мениҳаду мебинад, ки ҳама кор мисли пору перор — ба сардорон тамаллуқу косалесии зердастону худписандиву амру фармонҳои аблаҳонаи сардорон, фикру ақидаи дигаронро тоқат наовардани онҳо — ҳама бетағйир мондааст.
Дарвоқеъ, бюрократияи хоназоди мо агарчи аз сари минбар худро тарафдори бозсозӣ ва озодиҳои башарӣ мегӯяд, дар амал сангинтарин монеаи пешравии мо гаштааст.
Ҳоло вазъи иҷтимоии мамлакати мо дар чи сурат аст, ҳама медонанд. Аммо вакилони Шӯрои олии Тоҷикистон гӯё ҳаргиз огаҳӣ надоранд, ки чаро мамлакате, ки имконоту васоили беназиреро соҳиб аст, ба чунин ҳоли табоҳ афтодааст. Балки медонанд, хеле хуб огаҳӣ доранд, ки бюрократияи фирқавиён, сохти сосиалистии казармавӣ ё тоталитарӣ, гузашта аз он худи онҳое, ки имрӯз заминдор гаштани деҳқонро намехоҳанд, гунаҳгори асосии ин касолатанд. Ман аминам, ки авлоди фардои мо дар ин мавзӯъ равшанӣ хоҳад андохт.
Ҳоло мардуми тамоми мамолики мутамаддини аз Амрико то ба Ҷопун, ҳатто Ҳиндустони сернуфус барои гушнагони кишвари Шӯравӣ хурокворӣ ва иона ҷамъ мекунанд, чунон ки шашяки олами ҳастиро офате дарзада бошад.
Ман ба вакилони парламенти Тоҷикистон гуфтание дорам: боре ба атроф нигаред, шабе бедорӣ кашеду рӯзномаву маҷаллаҳои оламро варақ занед, ки ба қавли шоир “ҳар дида, ки ибрате нагирад кӯр аст!” Республикаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор