Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
федеративии Чехославакия, Полша ва Венгрия, ки дирӯзакак дар тирарӯзиву бадбахтиҳо ҳамқисмати мо буданд, вале имрӯз ба роҳи мустақими иқтисодӣ ворид гаштаанд ва ҳатто иморатҳои урдугоҳи аскарони шӯравиро барои муҳоҷирини фардои мамлакати мо омода месозанд. Чаро онон дар тӯли як сол, балки камтар фурсат аз касодӣ ва касолатҳо ворастанд, ҳеҷ медонед?
Роҷеъ ба ин мавзӯъ вакили шӯрои олии СССР академик О. Богомолов хеле возеҳ навишт: “қарзҳо моро аз гушнагӣ наҷот медиҳанд, вале иқтисодиёти моро пеш намебаранд. Барои пешравии иқтисодиёт даҳҳо ва садҳо миллиард доллар лозим аст, ки онро фақат капитали хусусӣ дода метавонад... Озодии корбандӣ ва истеҳсолоти хусусӣ зарур аст. Вале барои озодии истеҳсолоти хусусӣ сохти давлатдории фармонравоиро куллан барҳам додан лозим аст”.
Аз академик Богомолов савол карданд, ки ба иқтисодиёти тиҷоратӣ гузаштанро аз чи бояд сар кард, ӯ чунин ҷавоб дод:
“Пеш аз ҳама танзими молиёт ва сониян, аксари кулли моликияти давлатиро хусусӣ кардан, заминро ба деҳқонон додан...” Ҳоло бӯҳрони шадидро дар мамлакати мо фалаҷ гаштани идораи тақсиму таъмини маҳсулот куллан хатарнок кардааст. Мо дар миёни роҳ — байни иқтисодиёти нав ва иқтисодиёти кӯҳнаи ҳанӯз ба лаҳад норафта саргардонем. Аз ин аст, ки агар ҷаноби Колл аз рӯи миннатдорӣ ба мамлакати мо ҳам қарз медиҳаду ҳам дигар навъ кӯмаки моддӣ, вале президент Буш мисли ҳамаи америкоён ба эҳсосот таслим нагашта аз рӯи шиори машҳури олами сармоядорӣ — фақат ба касоне ёрӣ додан мехоҳад, ки онҳо нерӯи ба худ ёрӣ карданро доранд. Дарвоқеъ, агар мо худамон инсонвор зистан нахоҳем, бо ёрию ҳамдастии дигарон ҳаргиз хари худро аз гил баровардан наметавонем. Дар солҳои ҳафтодум ба Полша даҳҳо миллиард доллар ёрӣ доданд, вале ҳама барҳадар рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор