Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

3 декабри соли 1990 кунгураи ғайринавбатии Шӯрои олии Русия заминро ҳамчун амволи хусусӣ ба деҳқонони федератсияи Русия бахшид. Рӯзномаҳо ин рӯзро “Рӯзи сафеде дар таърихи Русия!” эълон карданд.
Гуфтугузорҳо дар Шӯрои олии Тоҷикистон аз хусуси заминдорӣ ҳар як инсони каму беш баҳушро дар изтироб афканд. Маълум гашт, ки аксари кулли вакилони мо ҳанӯз ҳам аз рӯи ақоиди шахшудаи замони рукуд ва сосиализми казармавӣ сухан мегӯянд, ҳанӯз ҳам аз давлатманд ва мухтор гаштани деҳқону коргару ҳунарманду зиёӣ дар ҳаросанд.
Ин гуна вазъи вакилони мо беасос нест — аксари кулли онон мансабдорони ҳукумат ва пешвоёни фирқаи коммунистианд ва ба ин афрод дастнигар, побанд ва мутеъ будани фуқаро айни муддао аст. Аз ин сабаб онон ба амри хусусӣ кардани замин, корхона, мағоза ва ғайра амволи давлатӣ сахту шадид муқобилат мекунанд. Дар амал ин афроди худбин монеъи бозсозӣ ва табаддулоти ҷамъиятанд. Вагарна кӣ намедонад, ки сабаби муқобилияти онон ба заминдор гаштани деҳқонон камзаминии Тоҷикистон нест. Маҳз, замини камро ба колхозу совхоз надода басарфа ва ғамхорона киштукор кардани деҳқон лозим аст. Баъзе аз вакилони баҳуш дар маҷлисҳои Шӯрои олӣ дуруст гуфтанд, ки замини колхозу совхоз бесоҳиб аст. Кӣ аз замин бештар ҳосил мегирад — колхозу совхозҳо ё деҳқон? Кӣ ба замин баҳору зимистон аз саридилсӯзӣ нурӣ меандозад, яхоб медиҳад, сангашро мечинад?
Албатта, деҳқон! Кӣ киштзорро шабу рӯз нигаҳбон аст, ки ҳосили расидаро сари вақт беталаф, бевалвала бардошта дар анборҳо ҷо мекунад, дар бозорҳо мефурӯшад?
Колхозу совхоз не, деҳқон! Кӣ бозорҳои моро зимистону баҳор бо меваю сабзавот пур мекунад? Колхозу совхози заминдор не, маҳз деҳқони камзамин! Имрӯз кӣ намедонад, ки колхозу совхозҳо дар тули панҷоҳ-шаст соли

пешина
аз 393
навбатӣ