Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мавҷудияти худ мамлакатро ба чи ҳол расонданд?! Мо барои бозӣ аз мамолики хориҷӣ ғалла, мева, тухм, гӯшт намехарем, бародарон! То ба кай мо таҷриба мекунем?
Балки решаи даъвии раҳбарони мо дар ҷои дигар аст: имтиёзоти шахсии худро аз даст додан намехоҳанд?
Қабл аз ин ман дар мақолае навишта будам ва боз такрор мекунам: ба ҳамаи аҳли деҳот замин тақсим кардан зарурат надорад, бисёр касон ба молдорӣ, ҳунармандӣ, хизматгузорӣ, бо кори маърифату маориф, табобат ва ғайра машғул хоҳанд гашт. Махсусан, хизматгузорӣ дар Тоҷикистони мо дар вазъи нестӣ аст. Дар кулли мамлакатҳои мутамаддин ҳамагӣ чор-панҷ фоизи аҳолӣ ба кори зироат машғуланду бас.
Вакилони парламенти мо имрӯз деҳқони тоҷикро аз заминдории хусусӣ маҳрум карданд ва агар бигӯям, ки дар ҳақи ӯ бори дигар хиёнат карданд, ҳаргиз муболиға нахоҳад буд. Ин амри носавоб на фақат хиёнат ба деҳқон, балки зарбае ба бозсозӣ ва прогресс, зарбае ба ҳар як фарди заҳматкаши Тоҷикистон буд. Хоҳу нохоҳ, баъди чанд соли дигар деҳқони тоҷик ҳам монанди деҳқонони ҷумҳуриятҳои дигар соҳиби обу замин хоҳанд гашт, аммо хиёнати имрӯзинаи вакилону роҳбарони ҷумҳуриятамонро бо чи санад сафед кардан метавон, намедонам.
Чи илоҷ, ҳар як халқ ҳукуматеро дорад, ки сазовори он аст, мегӯянд. Аз ин лиҳоз роҷеъ ба донишу маърифат ва доираи назари сиёсии вакилони парламент ақидаи худро нагуфта наметавонам.
Дар байни вакилон мардони сиёсии шоистаи эътимод ва ваколати мардум хеле каманд. Фақат даҳ-дувоздаҳ нафаре ҳастанд, ки ба сар афкори равшане доранд, сухан гуфтан метавонанд ва каломашон аз ҳар ҷиҳат метавон гуфт, ҳадафгир, шуниданӣ, бамаънӣ, аз лиҳози мантиқ қавӣ, буд. Сад дареғ мегуфтам, ки аҳли маҷлис хеле афкори тоза ва ақоиди дурандешонаи ин касонро намефаҳмиданд ва ғолибан гурӯҳе қобили идрок ҳам набуданд.

пешина
аз 393
навбатӣ