Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва аз ин ҷиҳат ман боз ба мардуми азизи кишварамон хитоб дорам:
— Чӣ касонеро ба вакилӣ интихоб кардаед, бубинед, бародарон!
Дарвоқеъ, бисёр вакилон саводи дуруст надоштанашон ҳар лаҳза ошкор мегашт. Нодонӣ доғи лаънатест, ки онро на ба хамӯшӣ пӯшидан метавон ва на бо гуфтор.
Иддае аз вакилон то ки худро фаъол вонамуд созанд, сухани шаб дар коғаз навиштаи худро аз варақ мехонанду аз камсаводии эшон таҳрири ашхоси дигар будани он навиштаҳоро аҳли маънӣ равшан пай мебурданд. Ақидаи ман ин аст: афродеро, ки афкори худро беқоғаз, бадоҳатан саҳеҳу возеҳ баён карда наметавонад, ба вакилии Шӯрои олӣ интихоб кардан хатост. Решаи нақли равшан ақли равшан аст ва касе, ки панҷ-даҳ дақиқа фикрашро батартиб гуфтан наметавонад, инсони сирфан омӣ ва ё кундзеҳн асту бас.
Баъзе аз вакилони Шурои олии мо он қадар бемаърифат ва дар қайди бехабарӣ дармондаанд, ки гумон аст, рӯзномаву маҷаллаҳои Москавро мутолиа кунанд, баръакси ин гурӯҳ, бахши дигар аз забони модарии худ бебаҳраанд, агар донанд ҳам, забони дурушти кӯчагиро медонанду бас. Аз гуфтугузори вакилон аксари шунавандагон чунин натиҷа бардоштанд, ки бештарини мансабдорони мо афроди беқобилият ва дар ҷодаи давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ ашхоси сирф тасодуфианд. Бо чунин вакилон рӯзи сафеди мардуми Тоҷикистон кай мерасида бошад, тахмин задан ҳам хеле муҳол аст.
Ҳама медонанд, ки иҷоракорӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриятҳои дигар низ ривоҷ наёфт, зеро бюрократия дар деҳот ҳокимияти мутлақи худро заъиф кардан намехост. Ба иҷоракорон бо дили нохоҳаму узри бисёр заминҳоеро медоданд, ки барои киштукор номувофиқанд ва ё заминро ба касоне медоданд, ки дар сар ҳаваси ранҷ кашидан надоранд ва нон ба заҳмат нахурдаанд.

пешина
аз 393
навбатӣ