Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оқибат вовайло бардоштанд, ки деҳқон заминро намегирад.
Имрӯз мардум ҳама медонанд, агар заминро аз колхозу совхоз нагирем, дар деҳот тағйироте оварданамон гумон аст. Бо вуҷуди ин, Шӯрои олии мо гирди ин мавзӯъи иҷоракорӣ баҳс ороста қарордод карданаш магар дар ҳован об кӯфтанро намемонад? Охир колхозу совхозҳои мағз андар мағз бюрократии мо чанд соли охир бо ҳаёҳу бо иҷоракор гӯё ҳамкорӣ карданд, вале дар амал заррае ба ӯ имкон надоданд ва усулеро, ки аз қадимулайём махсуси бобоёни мо буду имрӯз дар аксари мамолики олам равнақе дорад, “ба шароити мо номувофиқ” донистанд. Бале дар заминаи сосиализми мо зотан ба ҷуз ҳаромкориву ҳаромхӯрӣ ҳама кор носозгар аст. Ҳамин қонуни иҷоракориро баъзе аз рӯзномаҳои мо содалавҳона эълон карданд: “Замин соҳибашро ёфт!” Чи ҳам гӯям, аз мост, ки бар мост!
Қабл аз ин дар дили мардуми ориф чароғи умеде шӯълавар буд, ки бо ин сарварону вакилони худ агар ба ҷое намерасем, хоҳу нохоҳ Русияи тавоно ва равшанфикр ба сӯи фардо ва ба самти тартиботи нави ҳукуматдорӣ моро раҳнамун хоҳад гашт. Ҳоло вазъи корҳо дигаргун гаштааст: Русия бо роҳи замон ва тақозои айём пеш мераваду мо дар ботлоқи ҷимҷима бо дарду иллатҳои бешу-мори худ, бо бюрократияи дар ҷаҳли мураккаб вомондаи худ ҷон меканем.
Чӣ ҷои истихора аст, мо ҳанӯз давлатдории тарзи парламентиро наомӯхтаем. Бинобар ин, камтарин эътирозро, ақидаи мухолифро сахт муқобилат мекунем, ҳар як фикру пешниҳоди ба андешаву омоли пешипоафтодаи худ хилофро лаҳзае кӯшиши идрок накарда ба сарнайзаҳо истиқбол мегирем. Ин чи ҳол аст, ки нодоне дар парламент мақоми раисиро гирифтасту вакилони баҳушро ошкоро мазоҳ мекунад.
Ҳоло ҳар як фарди равшанфикр медонад, ки фақат

пешина
аз 393
навбатӣ