Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба иқтисодиёти тиҷоратӣ гузашта мо мамлакатро аз бенавоӣ, аз бесомонӣ, аз ҷангу ҷидоли байни фуқаро, аз дуздону ғоратгарони гуногун наҷот дода метавонему бас.
Президенти мамлакат Михаил Горбачев беасоси комил нагуфт, ки иқтисодиёти тиҷоратӣ алтернатив надорад.
Аммо бюрократияи мо имтиёзоти худро аз даст додан намехоҳаду ба тариқи гур сӯзаду дег ҷӯшад амал мекунад ва боз ҳам халқи бенаворо фирефтан мехоҳад. Ақидаҳои “халқи мо ба иқтисодиёти тиҷоратӣ тайёр нест”, “замини мо кам аст, онро тақсим карда наметавонем” ва ғайра аз ҳамин навъ авомфиребиҳост.
Чаро вакилони мо роҳи наҷоти мамлакатро аз касодӣ намеҷӯянду аксар дар фикри хешанд? Косаи сабри мардумон лабрез гаштанашро наход ки набинанд? Ғазаби халқ сараввал бунёди осоишу фароғати ононро барҳам заданаш як амри воқеи буданашро наход ки эҳсос насозанд?!
Дар ин ҷода аз таҷрибаи дигарон боист, ки баҳра гирифт. Моҳи январи соли 1990 мағозаву бозорҳои Полша ба сони дӯкону бозори мо буд — гуё ҳамаро сел рӯфта бошад, — холӣ, дар бозорҳо ҳаннотон даврон мекарданд.
Лаҳистониён аз рӯи нақшаи хеле мухтасару пурмаънии Балсерович ба якборагӣ роҳи иқтисодиёти тиҷоратиро пеш гирифтанд. Ҳамагӣ баъди даҳ моҳ, ҳоло рузномаи “Известия” хабар медиҳад, ки мағозаҳо аз ҷинси хӯроквориву ашёи саноат моломол аст. Мухбири рӯзномаи мазкур дар як мағозаяки хурд даҳҳо навъи ҳасибҳои аълосифатро дида ангушти хасрат ба дандон мегазад. Онҳое, ки зотан муқобили иқтисодиёти тиҷоратианд, имрӯз валвала бардоштанд, ки баҳои он ашё ва хӯрокиҳо бениҳоят гарон аст ва мардум қудрати харидан надоранд. Баъзе содалавҳон ба ин даъвоҳо бовар мекунанд. Чаро бовар накунанд, ки баҳои килои навъи миёнаи он ҳасибҳо қариб 25 ҳазор злотих аст. Аммо онро намегӯянд, ки музди моҳонаи миёна дар Полша як милюну дусад ҳазор злотих аст, ки ба он 48 кило ҳасиб ва ё се курткаи аълосифат мехаред.

пешина
аз 393
навбатӣ