Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Агар ба нархи “арзони” мағозаҳои мо муқоиса кунем, чунин рақам бармеояд: Моҳонаи миёна дар мамлакати мо даври 300 сӯм аст, ки ба он ҳамагӣ 15 кило ҳасиб ва фақат якто курткаи оддӣ харидан метавон агар онро пайдо кунед! Акнун худ қазоват кунед, ки тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо! Полша бо роҳи озмудаи ҷаҳониён
— иқтисодиёти тиҷоратӣ бирафту ба ин тариқ зуд аз касолату касодии чандинсола раҳоӣ ёфт ва аз роҳи тараққӣ ва осудаҳолӣ қадаме ба пеш ниҳод.
Чаро Полша ба ин осонӣ аз касодӣ берун ҷаҳид?
Вақте, ки ҳукумати коммунистии он аз ӯҳдаи идораи давлатдорӣ набаромад, ҷамъияти сернуфусе ба мисли “Солидарность” тайёр буд, ки ҳокимияти дар рӯи роҳ афтодаро ба даст гирад...
Ин ҳам шуниданист, ки вакилони бо умедҳои бузург интихоб кардаи халқи мо имрӯз бешармона аз минбари парламент имтиёзҳои махсус талаб доранд: онҳо дар қатори фуқарои оддӣ аз кассаҳои Аэрофлот билет харидан ва баробари дигарон бо телаву такон ба ҳавопаймо савор шудан намехоҳанд ва ғайраҳо.
Дар поёни ин мақола боз як нуқтаро барои аҳли маънӣ гӯшзад кардан мехоҳам. Мардуми Тоҷикистони мо ҳеҷ хабар доранд, ки 98 фоизи вакилони Шӯрои олии мо коммунистонанд? Бале, аз 230 нафар вакилон 217 нафар коммунистонанд. Онҳо намояндаи қариб 125 ҳазор узви фирқаи коммунистианд. Сипас, ҳуқуқҳои конститусионии 5 милюн аҳолие, ки узви ин фирқа нестанд ва ҳамагӣ дар парламент 13 нафар вакил доранд, магар поймол нагаштааст? Бешак, дар сухан ҳазор навъ даъвии авомфиребона пеш овардан метавон, вале ин санад худ ба он далолат мекунад, ки усули интихоби моро қатъан тағйир кардан лозим аст, то сохтакорӣ ва фиреби халқро минбаъд истисно созем.
Агар интихобкунандагон баъзе вакилонро бозхоста бигиранду ба ҷои онҳо ба Шӯрои олӣ вакилони шоиста тареро пешбарӣ созанд, кори хайре мекарданд.
Карл Маркс навиштааст, ки таърих ду раҳ такрор мегардад: аввалбор ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш ва бори дигар ба тимсоли дурӯғу дағо ва сохтакориҳои бебунёд.
Гузашта аз ин, имрӯз баъзе аз мардони сиёсӣ ҳанӯз ҳам дар орзуи як дасти оҳанианд. Ривоҷи нисбатан назарраси кишвари Чилӣ ва ё Сингапурро ба мо мисол меоваранд. Дар воқеъ ҳам он кишварҳо ба тавассути диктатура роҳи табиии инкишофи худро мегузаранд. Вале мамлакати мо куллан дунёи дигарест. Мо ба мисли он мамлакатҳо аз зинаи паст ба тадриҷ боло намеравем, мо ба якборагӣ ҳам ба сӯи гузаштаи худ ва ҳам ба ҷониби фардо ҷаҳиданием. Чаро ба гузашта? То ба инқилоби Октябр дар мамлакати мо ҳам иқтисодиёти тиҷоратӣ буду ҳам корбандии мутараққӣ ва ҳуқуқҳои демократӣ. Дар Русияи тоинқилобӣ чандин фирқаҳо озод амал мекарданду фаъолияти ба ҳукумат таъсирбахше доштанд, озодии матбуот, ҳуқуқи корпартоӣ, маҷлису намоишҳо ва ғайра буд. Баъди инқилоб мамлакати моро ба кӯчаи сарбаста андохтанд. Имрӯз мо аз ҷамъияти тоталитарӣ он ҳуқуқҳоеро, ки халқ аз даст дода буд, бозгашта гирифтанием.
Онҳое, ки ба умеди ҳокимияти зӯроварӣ ва як ҳукумати мустаъбиду диктатура чашмдоранд, ҳеҷ идрок намекунанд, ки ин навъ ҳокимият аз тарафи оммаи мардумон ба муқобилату пинҳону хомӯш дучор хоҳад гашт ва ин ҳол ба футури умумии сиёсӣ хоҳад овард.
Замони диктатураи сталинӣ мардумон ба дурустии роҳи сосиализм ва ғояҳои он эътиқодманд буданд, аммо имрӯз гапу кор дигар гаштааст.
Мардони воқеъбин дар ин марҳалаи хатарноки гузаштан ба усули тозаи давлатдорӣ ва коргузориҳо бо ҳисси равшанфикрӣ боист, ки мардумро аз роҳи авантюра ва моҷарописандиҳо огоҳӣ диҳанд.
Январи 1991

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор