Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ДИЛАМ МЕСӮЗАД...
Ба воситаи телевизион ба мардум намоиш додани маҷлисҳои Шӯрои олии СССР, Русия ва ҷумҳурияти Тоҷикистон дар солҳои охир шуури сиёсии фуқароро андаке бедор кард, одамони баҳуш чи будани демократия, озодии сухан ва виҷдонро дарк карданд ва ҳамчунон бо чашми худ диданд ва нек шинохтанд, ки ба парламент чи касонеро ба вакилӣ интихоб кардаанд. Аҳамияти инчунин намоишҳо боз дар он аст, ки мардуми мо маданияти ҳукуматдорӣ, талоши ҳуқуқҳои худро дар замони нав ба ибрат хоҳад омӯхт, минбаъд фирефтаи ҳар тоифа дасисаҷӯён ва мансабталошон нахоҳад гашт. Ин сабақи хеле пурарзишест барои мардуми мо, ки дар мамлакат аз ҳар миллати дигар камтар китоб мехарад ва шояд аз ҳамин сабаб вакилонашон дар анҷуманҳо ё ба даҳон об гирифта хомӯш менишинанд ва ё агар сухан кунанд, бо баёни дурушту муғлақи кӯчагӣ сирф авомона изҳори матлаб менамоянд.
Дар воқеъ, аксари кулли вакилони парламенти Тоҷикистонро ба ҳеҷ ваҷҳ мардуми зиёӣ равшанфикр гуфтан натавон, зеро маҳдудияти мутолааи онон равшан аст.
Зиёда аз он, дар миёни онон мардони сиёсӣ хеле каманд.
Биёед, имрӯз ба қавли Хоҷа каҷ нишинему рост гӯем: режими коммунистӣ ашхоси донишманду баҳуш ростгӯю росткирдорро ҳеҷ хуш надошт ва ин тоифаро дар зинаҳои ҳукуматдорӣ имкони пешравӣ намедод ва дар қадамҳои аввали фаъолият ононро саркӯб мекард.
Бубинед, дар гирди Михаил Горбачев чи қадар мунофиқони кундфикру ҳарзахаёл ғун омада буданд: Павлов, Янаев, Лукянов, Кручков... Муваффақияти Борис Елсинро сабаб ин гашт, ки ӯ ба даври худ мардони баҳуш ва хирадманду тавоноро монанди Хасбулатову Силаев, Яковлеву Рутскойро гирдиҳам оварда буд.
Биёем ба сари масоили миллату ҷумҳурияти худамон. Аз миён бардоштани ҳайкали Ленин, маҷлисҳои парламент, гирдуҳамоии мардум дар майдони Озодӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор