Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар ин ҳодисаҳо ба воситаи телевизион пахш намегашт, ба ростӣ, баҳо додан ба онҳо мушкил буд, зеро рӯзномаҳои мо дар банди таассуб бештар тобеи эҳсосоти худ буданду воқеотро холисона шарҳу тафсир намекарданд.
Фақат телевизион имконият фароҳам овард, ки ба маҷлисҳои парламент бо чашми худ назар афканему ба таҳлили воқеият имкон пайдо кунем.
Ҳоло ман ҳамчун як нафар адибе, ки фуқарои холиси ҷумҳурият аст ва ба ягон ҳизб ва гуруҳҳои сиёсӣ ҳаргиз алоқамандӣ надошт, андешаҳои худро баён карданиам.
Аз хусуси аз миён бардоштани ҳайкали Ленин дар майдони Озодӣ.
Ленин кӣ буд, гӯё ҳама медонанд. Аммо бисёр ҷиҳатҳои фаъолияти ин марди сиёсӣ ба мардумони мо торик монданашро на ҳама пай бурдаанд. Масалан, дар моҳи октябри соли 1917, шабе, ки Қасри Зимистониро гирифтанд, Ленин филфавр ба инқилобчиён амр кард ҳамаи зиёиёни равшанфикри пойтахти Русияро, ки бо болшевикон ҳамақида нестанд, рӯйхат кунанд. Вай аз он рӯйхати бузург фақат ба мӯйсафед Плеханов, ки охирин айёми умрашро ба сар мебурд, амон дод. Шикастани ҳайкалҳои шаҳри Петербург, ҳабс ва қатли хонадони шоҳ, тороҷи зару зевари калисоҳои Русия, хароб сохтани масҷиду мадраса ва осори фарҳангу тамаддуни миллатҳо, аввалин конслагерҳо барои фуқаро, хоса барои деҳқонони норозӣ аз режими болшевикӣ... ва садҳо гуноҳҳои дигар ба гардани “доҳии башар” афтоданашро бисёр уламои ҷаҳон собит кардаанд.
Инак, бародаронам, коштаро медараванд: ном ва ҳайкали Ленинро аз ин гуна қисмати шум халосӣ набуд.
Ба ғайр аз ин, дар ин кор мо ташаббускор нестем, дар баъзе ҷумҳуриятҳо кай ҳайкалҳои ӯро бардошта буданд, москавиён аз мавзолей бардоштани нашъи ӯро пешниҳод доранд.
Аз ин ваҷҳ имрӯз раиси шаҳр Мақсуд Икромовро дар ин амал гунаҳгор шумурдан вазъи айёмро эҳсос накардан аст. Охир имрӯз не, фардо халқ ҳайкалро аз миён мебардошт. Ин тақозои давр аст: ҳеҷ миллате дар бурҷи давлати худ муҷассамаи шахсеро, ки сарзаминашро забт кардаву ҳафтод сол халқҳоро маҷбур ба кӯрароҳҳои пуршубҳа афканду раҳгум сохт, нахоҳад гузошт. Ба ҷуз ин, Ленин ҳамчун ҷосус барои аз дохил хароб кардани Руссия дар соли 1917 бо пули давлати Олмон ба Петербург омаданашро далелу санадҳо фаровонанд.
Аз хусуси гирдуҳамоӣ. Аз рӯи иттилооти васоили ахбор дар гирдуҳамоӣ ҳизби демократ, растохезчиён ва аъзои ҷамъияти нузҳати исломӣ пойфишорӣ мекунанд.
Дар майдон нишастагон, асосан сокинони деҳоти атрофи шаҳри Душанбеанд. Метавон гуфт, ки 90 фоизи сокинони шаҳри Душанбе ба гирдуҳамоӣ иртиботе надоранд, балки тарафдор ҳам нестанд.

пешина
аз 393
навбатӣ