Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман аз мулоҳизаи баъзе шиору хитобаҳои гирдуҳамомадагон, аз қабили “Марг ба Раҳмон Набиев!” “Нест бод Ҷӯрабек Муродов!” ва ҳамин амсол сахт ошуфта гаштам. Мубориза барои ҳокимият ин тавр нест, бародаронам! Рафиқони демократ, мӯҳтарам аҳли ислом, аз шумо пурсише дорам: ҳеҷ яке аз ин ашхосе, ки лаънаташ мекунеду маргашро металабед ба шумо ё ба зану фарзандони шумо зулму таадӣ накардаст? Сипас чаро ба онҳо ба ин сон душмани хунӣ гаштед? Фақат барои он ки яке аз онон номзадиашро ба президентӣ монду тарафдорони зиёд дорад ва дигаре ақоиди шуморо дастгирӣ накард? Агар чунин аст, сипас усули коргузории шумо низ аз зӯроварӣ ва тоталитаризми болшевикӣ ҳеҷ тафовут надорад, бародарон! Халқ минбаъд шуморо дастгирӣ карданаш даргумон аст.
Бигирам, ки дар миёни демократҳои мо дасисаҷӯён кам нестанд, ба шумо, аҳли ислом чи шуд? Ҷои он ки аз худо ба худ умр талаб кунед, чаро ба бандагони бегуноҳ марг металабед? Ғолибан тоифае имони худро месӯзанду ба гуноҳҳои худ шуморо шарик месозанд. “Ғайри шайтон бар касе лаънат макун!” — ин каломи раббониро ман аз забони шумо омӯхтаам, фаромӯш накунед ва исломро бо бесуботӣ ва ҳавасҳои пучи худ бадном насозед.
Биёед, дар муборизаю талошҳои сиёсӣ ҳам ҷавонмарду тандеҳ бошем, ростию дурустӣ ва ҳақу ҳақиқатро шиори худ созем, то дар назди авлоди фардо рӯсияҳ нагардем. Баду нек — ҳама дар саҳифаҳои таърих рақам хоҳад гашт.
Аслан, Раҳмон Набиевро асосан, ҳамон рӯзномаҳое, ки имрӯз ӯро лаънатборон мекунанд, дирӯз ба чандин таҳсин парастиш мекарданд. Чаро ин касон аз номзадиашро ба президентӣ мондани ӯ чунин ба ваҳшат афтодаанд, валлоҳ ки намефаҳмам! Дар матбуоти ҷиддӣ ҳам таърифу таҳсин ва ҳам сухани танқидро хеле санҷида ва андешида бояд гуфт. Рӯзноманигорони мо аз ин ваҷҳ хеле содалавҳ ҷилва мекунанд. Охир, одамон чандон ҳофизаи кӯтоҳу зуд сутурданӣ надоранд, ки ин гуна бесуботиҳоро фаромӯш кунанд.
Ҳамватанони азизам, шиори дигари шумо, истеъфои парламент ҳам аз он сар задаст, ки раҳбаладони шумо аз қонуни ин мамлакат бехабаранд. Парламентро фақат президент ҳақ дорад, ки пароканда созад. Ноиби он ё раиси маҷлис ва ашхоси дигар чунин ҳуқуқро надоранд.
Ҷумҳурияти мо имрӯз президент надорад. Агар дар майдони Озодӣ фардо ҳазор не, сад ҳазор нафар ҷамъ оянду истеъфои парламентро талаб кунанд ҳам, ҳеҷ яке аз вакилон аз ваколати худ даст намекашад, зеро ҳар яки онҳоро шумо барин даҳ-понздаҳ ҳазор нафар мардуми ноҳияи худашон ваколатдор кардаанд, на шумо. Шумо метавонед, ки фақат вакили худро аз парламент бозхоста бигиред.
Ҳамин ҳақиқати оддиро надонистани раҳбаладони мардуми гирдуҳамомада ҳоло ҳар як инсони равшанфикрро дар ҳайрат меафканад. Ва ман яке аз онҳоям, ки аз ҳар қадами ноандешида, ба қавли Хоҷа “чу бед бар сари имони худ меларзам”.

пешина
аз 393
навбатӣ