Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Демократҳои мо мебоист, ки ба тавассути маҷлисҳои парламент дар миёни мардумон тадриҷан обрӯ ва нуфуз пайдо мекарданд, вале сад дареғ мегӯям, ин тавр нашуд.
Онҳо рӯзафзун эътимоди мардумро аз даст медиҳанд.
Мардуми як маҳалро ба маҳалли дигар шӯр ангехтан оқибати нек надоданашро ман зимни суханрониам дар анҷумани даҳуми адибони Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ ба таъкид гуфта будам: ин корҳо оқибатуламр Тоҷикистонро ба ду ё се бахш тақсим мекунад. Дареғо, ки бисёр мардони баҳушу зирак ҳам ба ин огоҳии ҷиддӣ бепарво менигаранд. Ҳол он ки имрӯз ин қисматшавӣ хеле наздик расидааст. Вакилони Хуҷанд дар маҷлиси Шӯрои олӣ гӯшзад карданд, ки вилояти онон 60-фоизи буҷети ҷумҳуриятро медиҳад ва агар баъзеҳо муқовамату адовати бесабабро дунболагир бошанд, онҳо маҷлисгоҳро тарк хоҳанд кард.
Кӣ медонад, балки баъзе рафиқони мо барқасд вазъиятро тезу тунд мекунанд, то ки ҷумҳурият қисмат гардаду онҳо беку бекча бошанд. Ҳеҷ аҷаб нест, барои баъзе гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. Мабод он рӯз, ки мардуми мо боз аз паи рӯзӣ ба шаҳрҳои Ӯзбекистон мардикорӣ бираванд.
Бисёр мехоҳам, ки ҳамдиёрони азиз матлаби маро беғаразона, ба дурустӣ идрок кунед, ки ин банда сидқан ҷонибдори неруҳои ҳақиқии демократӣ ва ҳаводори адлу адолати иҷтимоиам. Мехоҳам, ки дар интихоботи президент як нафар не, чандин нафар довталабон номзадии худро пешниҳод кунанду дар мусобиқаи ҳалол мо якеро ба мӯҳлати муайян президент интихоб кунем.
Мардуми ҷаҳон фақат ба ҳамин тариқ ба роҳи дурусти тамаддун баромадаанд. Ин роҳи осоишта роҳи аксари мардумони мутамаддин аст.
Имрӯз бо иғвову дасисакорӣ ё зӯровариву таъзиқ агар як нафар номзад ба президентӣ монад ҳам, вай дар интихобот тарафдорони зарурӣ пайдо намекунанд, зеро одамон ҳоло ба атроф бо чашми кушода менигаранд ва ман аминам дар ҷавоби чунин зӯроварӣ роҳи муқовамати хомӯшро пеш мегиранд.
Аслан, мамлакатро минбаъд президент не, парламент идора хоҳад кард. Бе ризояти парламент президент ягон қарордоди муҳимро имзо кардан наметавонад, ягон шахсро ба мансаби баланд таъин намекунад. Аз ҳамин сабаб боист, ки мо дар интихоботи минбаъда мардони хирадманду поксиришти миллатро ба вакилӣ интихоб кунем, на савдогарони сиёсӣ ва корчаллонҳои мансабталошро.
Боз як мавзӯъе, ки миёни омма имрӯз мавриди мубоҳаса қарор гирифтааст, — ба сиёсат худро омехтани аҳли дин аст. Агарчи дар баъзе мамолики Шарқ аҳли дин дар сари ҳукумат буданд ва ҳастанд, мардуми мо намояндагони дини мубини исломро аз сиёсат ва дипломатия аз талоши мансаб дар канор дидан мехоҳанд, зеро ин шуғлҳо аз кизбу дурӯғ, аз фиребу тазвир пок нест. Шоир бесабаб нагуфтааст: “Сиёсатпеша мардум ҳиласозанд...” Умуман, ин мавзӯъро ба тааммуқ таҳлил кардан лозим аст.
Ҳар рӯз майдони Озодиро мегузараму ба ҳоли мардум дилам месӯзад. Ба онон чи гуфтанамро намедонам, зеро ман қонунҳои мамлакати худро медонам ва онро риоя кардан мехоҳам. Дидаю дониста ба қонуншиканӣ илқо кардани мардум ба чи оқибати нохуш оварданашро дидаам ва он ҳанӯз фаромӯшам нагаштааст. Ман тарафдори тариқи осоиштаи парламентиам, ки мардумони соҳили Балтик ба ин усул имрӯз ба кӯи мурод расидаанд.
Ба намояндагони ҳамаи гурӯҳҳо, ҳизбҳо, маслиҳате дорам: барои манфиати шахси худ, гурӯҳи худ аз дурӯғу дағо истифода кардан оқибати нек надорад. Халқ чандон гӯлу содалавҳ нест, ки ба доми фиреби шумо биафтад, моҳияти аслии гуфтори шуморо надонад. Мардони бузурги сиёсӣ ҳамеша ростқавлу дурусткирдор, дорои виҷдону инсофи баланд будаанд, дар ҳама шароит мардона амал кардаанд. Ва дониста бошед, ки ҳеҷ як ҷиноят аз назари халқ пинҳон намемонад.

пешина
аз 393
навбатӣ