Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Октябри соли 1991
НОМАИ САРКУШОДА БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ТОҶИКИСТОН
РАҲМОН НАБИЕВ

Мӯҳтарам ҷаноби президент!
Сараввал Шуморо бо ғалабаи комил ва ҳақиқӣ табрик мекунам. Шумо нахуст президенти ба тариқи демократӣ интихобгаштаи Тоҷикистонед. Халқи мо ба Шумо эътимод ва эътибори бузург баён кард. Дар тӯли як-ду моҳи пешазинтихобот мардуми мо қобилияти Шуморо нашиносад ҳам, ба умеди он, ки солҳо дар вазифаи раҳбарӣ будед, таҷриба доред, ба Шумо боварӣ изҳор кард.
Дар ин айём гузаштан аз як сохти давлатдорӣ ба дигараш таҷрибаи раҳбарии Шумо ба халқу давлат зарур буд.
Дар радифи даҳҳо ва садҳо ҳаводоронатон ман ҳам дар мақолаву суханрониҳоям номзадии Шуморо ҷонибдорӣ мекардам ва ғалабаи Шуморо ҳамчун як нафар шахсияти некирода ва аз пасту болои иқтисодиёти иҷтимоиёти ҷумҳуриятамон огоҳ орзуманд будам. Акнун ки дар хидмати халқи азиз кӯшишҳои пурбароратонро чашмдорам, ба тариқи номаи саркушода чанд талабу дархости як идда зиёиёни ҳамақидаи худро ба Шумо ошкоро арзадошт кардан мехоҳам.

  1. Имрӯз, ки чашми умеди мардуми Тоҷикистон ба Шумо дӯхта шудааст, бисёр хоҳишмандем, ки ба дастаи худ мардони ақлманду соҳибхирадро, сирфи назар аз он ки вай куҷоист, гирдуҳам оваред. Тамаллуқгарони хомтамаъ ва косалесони мансабгадоро аз атрофатон дур кунед. Сабаби асосии бебарории сохти пешин ин буд, ки дар ҳукумат афроди сирф бехирадро ғун карда буданд.
    Минбаъд онҳое, ки аз мансаб маъзул мешаванд, бояд ки чун инсони қаторӣ кору зиндагӣ кунанд! Як умр аз мансаб ба мансаб лағҷида гаштани тӯдаи бюрократ бас аст!
  2. Имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон дуздию ғоратгарӣ ҳамчун як навъ вабои ҳамагир косаи сабру тоқати мардумро лабрез кардааст. Дуздон хонаҳоро мезананд, аҳли савдо ошкоро, бе ҳеҷ мамониат дар рӯзи равшан мардумро ғорат мекунанд, аммо милиса куллан оҷиз аст, ки моро ҳимоя кунад. Бе таъхир чорае бояд биандешед. Барои ҳар як ҷинояти беҷазо монда милисия бояд дар назди халқ ҷавобгарӣ кашад. Балки ба тарзи милисияи мунсипалӣ гузаштан лозим аст.
  3. Дар соли 1992 вазъи маишии мардум бояд ки ҳатман беҳтар гардад. Барои ин мақсад хусусӣ кардани 80- фоизи корхонаҳо, мағозаву дӯконҳои хидматгузорӣ, замини кишту чарогоҳ зарур аст. Ҳамаи мамолики мутамаддини олам маҳз бо ҳамин роҳ рафтанду осудагиву хушҳолии мардумонро таъмин карданд. Роҳи Чин роҳи аз гуруснагӣ раҳонидани халқ аст, на роҳи серию пурие, ки масалан, ҳамсояи кӯчаки Чин — Тайван ноил гардидааст.
    Дар пай ин мақсад даставвал то баҳори соли 1992 ба ҳамаи шаҳриёне, ки заминдорӣ кардан мехоҳанд, аз минтақаи киштукори атрофи шаҳрҳо даҳ-понздаҳ сотихӣ заминро дар ивази андози ҳарсолаи муайян ва бо ҳуқуқи меросӣ дода шавад. Агар шаҳриён талаботи худро ба меваю сабзавот таъмин кунанд, дар бозорҳои мо арзонӣ барқарор хоҳад шуд.
пешина
аз 393
навбатӣ