Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Қариб аксари ҷумҳурияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имрӯз тайёрии онро доранд, ки пули худро нав созанд. Селоби пули беқурби онҳо имрӯз ба ҷумҳурияти мо сарозер фурӯ рехта, молу манолу ашёву асбоби рӯзгори моро мебарад. Шумо бояд чораи фавран ва амалан пешгирӣ кардани ин офатро биҷӯед. Чунин чораҳо кам нестанд.
- Нуфуси идораҳои раҳбарӣ дар Тоҷикистон қариб баробари нуфуси ҳукумати Фаронса буданашро имрӯз на ҳама медонанд. Мо бояд ними ин лашкари муфтхӯри бюрократияро ихтисор кунем. То ба кай ин тӯдаи беҳуда дӯшбори мардуманд, боист, ки зудтар чораҷӯӣ кунед.
Ба ғайр аз ин, аксари мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон афроди каммаърифат ва кундзеҳнанд. Раҳбарони режими коммунистӣ дар солҳои охир ҷаҳдашон бар он буд, ки дар атрофашон аз худашон камақлтарҳоро ғун кунанд, то ки миёни ин нодонтӯраҳо худашон хирадманди комил ҷилва намояд. Умедворем, ки Шумо вазъиятро дар ин арса ҳар чи зудтар дигаргун месозед. - Гӯруҳҳои мансабталош дар солҳои охир миёни мардумони вилоятҳои Тоҷикистон тухми низоъ мекоранд. Мақсади аслии ҳар як гурӯҳ аслан мансабҳои раҳбариро ба даст овардан аст. Сабаби ин қадар ба Шумо дарафтодани онҳо низ номзади худро ба президентӣ пешбарӣ карданатон буд. Шумо неву бигирем, ки дигар ягон шахсияти кулле, ки ба ин гурӯҳҳо ҳамришта нест, агар номзадии худро ба президентӣ гузорад ҳам, ин касон ба ӯ сахт муқобилат карданашон ба ҳама равшан аст. Баъзе гӯянд, ки ин гурӯҳҳо маҳз аз вилояти Хуҷанд президент буданашро намехоҳанд. Вале ба ақидаи ман, агар аз Кӯлобу Курғонтеппа президент интихоб гардад ҳам, онҳо ба вай муқобилат мекарданд, агар аз ҳалқаи онон набошад.
Ин амали кинаварзӣ оқибат ба қисматшавии Тоҷикистон хоҳад овард. Барои пешгирӣ кардани ингуна фарҷоми нохуш чораи ягона ҳоло конфедерасияи вилоятҳо аст. Агар ҳар вилоят соҳибихтиёр ва комилҳуқуқ бошад ва марказ фақат барои танзими баъзе корҳо — додугирифт, мудофиа ва тартибот, прокуратура ва ғайра хизмат кунад ва вазорату идораҳои бисёре барҳам дода шаванд, ҳаваси ҳукуматронӣ ва муфтхӯрӣ дар марказ барҳам мехӯрад ва асосе барои кинаварзӣ боқӣ нахоҳад монд.
Агар чор-панҷ сол қабл аз ин Горбачёв конфедерасия месохт, балки Иттиҳоди Шӯравиро аз парокандагӣ нигоҳ дошта метавонист. Ман бисёр мехоҳам, ки Шумо дар ин бобат таъхир накарда бошед. - Дар охир роҷеъ ба қадррасии адабиёт ва адибон чанд нуқтаеро ба Шумо нагуфта наметавонам. Вазъи зиндагии адибони мо дар нисбати адибони ҷумҳуриятҳои дигар аз ҳар ҷиҳат нохуш ва бенавоёна аст. Аз 180 нафар аъзои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон имрӯз метавон гуфт, ки ҳамагӣ сӣ-сиву панҷ нафар бори адабиётро ба дӯши худ мекашанд. Дигарон кайҳо аз адабиёт дур монданд ва ё аслан алоқаи қазоӣ надоштанд.
Агар ҳукумати мо ба ҳамин сӣ-сиву панҷ нафар адибон ба замми музди қалами ночизашон маоше таъин мекард, нураналонур буд. Охир авлоди фардо маҳз ба тавассути қалами адибон симои замони моро хоҳанд шинохт. Қадррасии адибон, қадррасии маънавиёти халқ аст, эътибор ба симои рӯҳонӣ ва ахлоқии он аст.
БАҲРОМ ФИРӮЗ, нависанда,
дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ,
корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
2 декабри соли 1991

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор