Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАРЕҒ АЗ МАН...

Ман дар номаи саркушодаам ба мӯҳтарам президенти ҷумҳуриятамон Раҳмон Набиев як идда талабу дархостҳои худро баён карда будам. (Нигаред “Адабиёт ва санъат”, №50) Дар он нома аз ваҷҳи интихоби одамон ба вазифаҳои давлатӣ, роҳҳои беҳдошти зиндагии мардум ва усули наҷот аз бӯҳрони иқтисодӣ, чораҳои фаврии ҳифзи иқтисодиёти ҷумҳурият ва беҳбудии фардои он ва ғайра андешаҳои худро изҳор карда будам.
Чун яке аз дӯстонам ба ман занг зада гуфт, ки рӯзноманигоре ба номаи ман ҷавоб навишта интишор кардааст, ба ростӣ ҳайрон гаштам. Аввало, ман бо он рӯзноманигор ва он рӯзномаи хусусӣ ҳеҷ алоқамандие надоштам ва ягон нусхаи он дастрасам набуд. Ва сониян, ба дил гуфтам, ки ба номае, ки ман имзоаш кардаам, мардумро чи кор?
Медонам, мардуми фозил ва соҳибдил бо ҳар навъ афроди моҷароҷӯй, ки на ҳадди мантиқро мешиносанду на одоби инсониро, ҳаргиз мубоҳаса ва муҷодала намекунанд. Аммо чи кунам, ки ман аз навиштани ин чанд сухан худдорӣ кардан натавонистам. Аз ин ваҷҳ ба ҳоли худ афсус мегӯям. Ба ростӣ, ҳайфи ман, дареғ аз ман, ки бо ин нақиби навҷавон ба баҳс печидам. Дигарон, ки аз ман баҳуштар буданд, ба хархашаҳои ӯ ҷавоб надодаанд.
Феълан, мусаннифи мақола Қодири Рустам ном ҷавон аз муваффақияти президент сафро сӯхта будааст ва он сафрои сӯхтаашро ба сари ман пош додааст, агарчи ман ӯро намешиносам ва ғолибан дар умр ҳаргиз бо ӯ сарукоре надоштам. Намедонам, ба шахси ношинос дарафтодани ҷавонеро чигуна тавзеҳ диҳам.
Аввалин эроди ӯ ба ин банда ин аст, ки ман ба президент гӯё тамаллуқ кардаам, яъне суханони хушомадомез навиштаам.

пешина
аз 393
навбатӣ