Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бародар, барои шумо баринҳо дар дунё ҳеҷ муқаддасоте нест барин. Аммо ман медонам, ки дар ҳамаи мамолики олам калимаи “Президент”-ро аз рӯӣ эҳтиром бо ҳарфи калон менависанд, зеро он рамзи эътибору ифтихори мо, рамзи соҳибихтиёрии мост, рамзи давлатдории тоҷикон аст. Ман аз рӯи одати мардумони зодгоҳам ба ҳар як шахси аз худам калонсол, хоса, ба шахсе, ки аксари кулли халқамон ба ӯ эътимод баён карду ба президентӣ интихобаш намуд, сарфи назар аз сифатҳои неку бади ин шахс эҳтиром баён мекунам. Ва дар ҳақи ӯ беҳурмату беандеша сухан гуфтан наметавонам. Аз ин ҷиҳат шумо кирдори дигаронро ҳаргиз бо ахлоқи худ андоза накунед.
Сониян, ман аз Президенти мӯҳтарам барои адибон маош ва ё стипендия дархост карда будам, ки онро шумо гадоӣ ҳисобидаед. Азбаски як тан фарди ба доираи адабӣ бегона ҳастед, балки огоҳӣ надоред — чанд сол аст, ки сечор нафар аз адибоне, ки ба кори эҷод машғуланд, чунин маошро мегиранд. Ман, ки дар нашриёт вазифа дорам, агар ҷаноби Президент иноят кунанд ҳам, ба чунин маош мӯҳтоҷ нестам ва маҳз барои адибоне, ки аз кори идора ва ё корхона фориғанд, дархост шудааст. Шумо, ки аз ин ҳама бехабаред, дигаронро аз худ қиёс мегиреду ин дархости адибонро дарйузагарӣ эълон мекунед. Фаразан, агар адибе аз Президенти мӯҳтарам талабе кард, шумо чи ҳақ доред, ки онро гадоӣ гӯед? Охир, Президенти мӯҳтарам падархонди шумо нестанд ва аз ризқи шумо канда ба ӯ намедиҳанд-ку!..
Аслан, агар номаро сарсарӣ намехондед ё як бори дигар ҳиҷҷа карда мехондед, ин қадар “говтозӣ” намекардед ва шояд табиати кинаварӣ, бадхоҳӣ ва арбадаҷуиатон боло намегирифт. Ман аз худо доим мехостам, ба бадхоҳи равшандилам рӯ ба рӯ кунаду ба кӯрдилам не. Аммо чи чора моҷароҷӯӣ, дасисабозӣ, беҳурматӣ ба халқи худ дар тинати шумо махлут аст.

пешина
аз 393
навбатӣ