Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Инак, агар ман, ба қавли шумо, дарйуза кардаам, фақат барои адибони ҷавон ва ё бевазифа, барои онҳое, ки тамоман ба кори эҷод машғул будан мехоҳанд, хулоса, барои равнақи адабиётамон дарйуза кардаам. Хайрияти кор, худ иқрор кардаед, ки гӯри ҳар кас ҷудост.
Дарвоқеъ, мардуми озода бо зоти шумо барин дасисаҷӯён дар гӯристон ҳам ҳамсоя буданро намехоҳанд.
Давъвои дигари шумо марбут ба ибораи “конфедерасия” аст, ки маро бо он дар тафриқаангезӣ муттаҳам карданӣ мешавед. Маро, ки солҳои охир аз фитнаҳои маҳалгароён, гурӯҳбозон, тафриқаандозоне, ки миёни мардуми тоҷик тухми адоват мепошанд, ошкоро аз сари минбарҳо мегӯяму мақолаҳо менависам!.. На, дарди сари худро ба сари ман бор накунед, ман нагуфтаам, ки аз хуҷандиён ё кӯлобиён президент нашавад. Аҳли адаб нек медонанд, ки ман ба ҳеҷ яке аз гурӯҳҳое, ки дар талоши мансаб афтодаанд, иртиботе надорам ва дар овони ҷавонӣ ҳам ба узвияти фирқа майл накардаам. Бедурӯғу дағо, бе таъзиқ ҳар касе эътимоди халқро шоиста гардаду ба президентӣ бирасад, ман ӯро ҳурмат мекунам.
Шумо барои тафриқаандозии маро собит кардан аз он нома чунин навиштаҳои маро иқтибос кардаед, ки барои хонандагони азиз бозмеорам:
“Гурӯҳҳои мансабталош дар солҳои охир миёни мардумони вилоятҳои Тоҷикистон тухми низоъ мекоранд... Ин амали кинаварзӣ оқибат ба қисматшавии Тоҷикистон хоҳад овард. Барои пешгирӣ кардани ин фарҷоми нохуш чораи ягона ҳоло конфедерасияи вилоятҳо аст. Агар ҳар як вилоят соҳибихтиёр бошад ва марказ фақат барои танзими баъзе корҳои муҳим — додугирифт, мудофиа ва тартибот, прокуратура ва ғайра хизмат кунанд ва вазорату идораҳои бисёре барҳам дода шаванд, ҳаваси ҳукуматронӣ ва муфтхурӣ дар марказ барҳам мехурад ва асосе барои кинаварзӣ боқӣ нахоҳад монд”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор