Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шумо аз ин суханон ба тунукзарфие, ки хоси табиататон аст, чи хулосаҳое мегиред! Миллати тоҷик, давлати тоҷикон, ягонагии он аз ҳар тоифае бештар барои адиб азиз аст. То замоне, ки давлати тоҷикон вуҷуд дорад, адибони он ҳастанд. Деҳқону коргар, олиму ҳунарвар, журналисту муаллим — одамони ҳамаи дигар касабаҳо бе давлати тоҷикон балки фаъолият кардан метавонад, аммо адиб наметавонад. Ба ҳар ҳол, дар Самарқанду Бухоро чунин ҳолат рух дод.
Бинобар он, хитобаҳои авомфиребонаи шумо ва ҳамфикронатон нисбати ман асосе надоранд. Ва баъдан дониста бошед, ки барои аз номи миллат сухан кардан сараввал ба он холисона хизмате кунед. Шумо, бародар, то имруз аз миллат фақат гирифтаед. Ман ки сӣ сол барои ин миллат хизмат кардаам ва миллат он хизматамро тақдир ҳам кардааст, ба ростӣ ҳанӯз забонам нагардад, ки шумо барин ба он хитоб кунам ё аз номи он ҳарфе занам.
Хуб коре кардаед, ки моддаи “конфедератсия”-ро аз фарҳанг нигаристед. Аммо дареғо, ҳамонро ҳам дуруст хондаву фаҳмида наметавонистаеду ба ман дарафтодаед:
“Ва тибқи маслиҳати Баҳром Фирӯз дар Тоҷикистон пагоҳ метавонад панҷ ё шаш давлати мустақил ва соҳибихтиёр ба вуҷуд ояд...” Шумо осемасар аввали моддаи конфедерасияро хондаеду бас. Агар “конфедерасия” фақат “иттиҳоди доимии давлатҳои мустақил” бошад, сипас “конфедерасияи Шветсарияро” шумо чигуна эзоҳ медода бошед? Магар Шветсария аз якчанд давлати мустақил иборат аст? Ё Покистон? Ё худ ба “Конфедератсияи заҳматкашони Амрикои Лотинӣ”, ва “Конфедератсияи японии заҳматкашон” барин маъниҳоро чигуна эзоҳ медиҳед? Ба қавли шумо ҳеҷ яке аз онҳо на девони вазирон дораду на шурои олӣ ва на армия!.. Боз мегӯям: нокардакор туро ба ин корҳо чи кор? Вагарна дар ҳамон “Қомуси калони шӯравӣ” возеҳ овардаанд: “Конфедерация предшествует образования федерации. Шветсария сохраняет названия конфедерации, хотя фактически является федерацией...” Ва дар поёнтар боз ба кӯр асо гӯён овардаанд: “Термин “конфедерации (в значении — союз) иногда употребляется в названиях различного рода организаций...” Агар вуҷуди шумо аз сафрои сӯхта заҳрогин набудӣ, равшан медидед, ки ман конфедерасияро роҷеъ ба вилоятҳои комилҳуқуқ, қабл аз он ки чун федерасия муттаҳид гарданд, барои аз ҷудоӣ ва маҳалгароиҳо халосӣ ёфтан тавсия кардаам. Пешниҳоди ман қонун нест, пешниҳоди як нафар аст, метавонед шумо ҳам агар фикре дар сар доред, пешниҳод кунед. Барои ин ба ҳар як фарди ҷумҳурӣ дарафтодани шуморо ҳеҷ ҳоҷат нест.
Мақсад аз таъсири рӯзномаи хусусӣ арбадаҷӯӣ ва ниқоргирӣ набудагист?
Аслан, ман аз вовайлоятон сабаби асосии асабонияти шуморо пай бурдам: президент интихоб гаштани Раҳмон Набиев шуморо ба ин ҳол овардааст. Фаразан, агар дар ҷои ман адиби дигаре ба президент бо эҳтиром рӯ овард, ғолибан шумо чун мӯи оташдида ба худ мепечед. Ҳеҷ медонед, ки дар кишварҳои мутамаддини олам ин хислат аломати ҷоҳилият ва зуроварӣ ба афкору ақидаи мардум ҳисоб мешавад? Ҳатто рӯзномаҳои кӯчагии (булварний) мамолики хориҷ ҳам ба худ ин корро муносиб намедонанд. Шумо худро ба ҳазор кӯй занед ҳам, боист, ки обрӯи рӯзномаро эҳтиёт мекардед.
Ба ғайр аз ин, бигирам, ки шумо тарбияи нағз надида ва одоби ҳамидаи тоҷиконро пушти по задаед, этикаи журналистиро низ намедонед? Мегӯянд, ки шумо дар синн бо писари ман баробаред... Ҳайфо, ки дар тинати шумо пастфитратию, разилии модарзодӣ бештар будаст.
Рафиқи зираке мегуфт, ки шумо ба усули арбада бо адибон миёни ҷамъият ном бардоштанӣ ва шумораи муштариёни рӯзномаатонро афзуданиед. Агар дарвоқеъ матлабатон ин аст, монанди он шӯҳратпарасте, ки то номаш дар таърих монад, китобхонаи Йунони қадимро оташ дардода буд, ба ягон ҷинояти қабеҳтар даст занед, ки шуаро беҳуда нагуфтаанд: “Гар мекунӣ гуноҳ, гуноҳи кабира кун”.
Азбаски шуморо намешиносам, гумон ба ҳар ҷониб мебарадам. Агар дар адабиёт ҳаваскори бебарор бошеду ба адибон аз сари бухлу кина ба чунин оҳанг навиштанро идома диҳед, ихтиёр доред. Чунин моҷароҷӯён ва ҳангомахоҳон қабл аз шумо ҳам буданд. Агар чунин аст, ин ҷавоби ман сирф кори беҳуда аст.
Ба ҳар ҳол, бисёр мехоҳам, ки ин гумони ман хато барояду шумо минбаъд дар рӯзномаатон ба адибон сабақ диҳед ҳам, барои ба шумо мувофиқат накардани ақидаашон арбада оғоз накунед. Аввалин шарти тартиботи демократӣ ҳамин аст. Дар саҳифаи рӯзномаи хусусӣ ҳам журналистони дорои маданияти инсонӣ, одоби муошират ва ҳуқуқҳои дигаронро риоя мекунанд.
1991

пешина
аз 393
навбатӣ