Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Адибоне, ки ман осори ононро ба рағбати азим мехонаму меомӯзам ва китобашон муддатҳо сари дасти ман аст, метавон гуфт ҳар сари чанд сол дигар мешаванд.
Агар аз ин бист сол муқаддам адибони дилписанди ман аз классикони ҷаҳон Балзак, Тургенев, Мопассан, Ҷек Лондон, Горкий буданд, солҳои охир бештар осори Гогол, Диккенс, Достоевскийро такрор мехонам. Аз насри имрӯзӣ ҳар чи ба даст оварам, ба тааммуқ ва озмоиш мутолаа дорам, вале осори Шукшин, Амирадҷибӣ, Айтматов, Быков, Бондарев, насри адибони кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва Японияро такрор мехонам.
Адибоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ агар ман ба мутолиаи осори онон шурӯъ кунам, худ ягон чизе навиштан мехоҳам, илҳоме, ангезише маро фаро мегирад, вале дар навиштаҳои худ баъзан таъсири онҳоро намебинам.
Шояд инро дигарон пай баранд.
Дар адабиёти ҷаҳон китобҳое ҳастанд, ки ман қариб ҳар сол як маротиба такрор мехонам ва ҳар бор маро изтироби азиме рух медиҳад. “Қисмати инсон”-и Шолохов, “Хислати мардуми рус”-и Алексей Толстой, “Буми сафеди сияҳгӯш”-и Троеполский ва чанд китоби дигар аз осори таъсирбахши мананд. Осори Шукшинро бе изтироби шадид мутолиа кардан наметавонам.
Дар навиштаҳои ман таъсири кадоме аз бузургон бештар аст, муқаррар карданам мушкил менамояд. Агар бигӯям, ки таъсир ва таълими ҳамаи адибон, чи хурд ва чи бузург дар навиштаҳои ман аксандозанд, муболаға нахоҳад буд. Ин ҳолро сабаб ин аст, ки аз паи тақлид ва татаббӯъи яке рафтани адиб нишони каммутолиагии ӯст.
Ба назари ман чунин мерасад, ки ҳоло адибони тоҷик “позаву сипори нависандагиро” ба майлу усули худ кор фармуданро омӯхтаанд.

Равнақи осори тарҷумавӣ дар адабиёти рус ба адабиёти тоҷик бетаъсир набуд. Осори хубу пурмаънӣ, услубҳои

пешина
аз 393
навбатӣ