Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

осори ходимон ё аъзои ҳайати таҳририя. Ба фикрам, маҷалла услуб ва низоми кори возеҳ ва қатъӣ надорад.
Котибони ИН дар ғами нашри асарҳои худанд, дигар гап ба гӯшашон намедарояд.
Дар сари баҳодиҳӣ ба осори адабӣ маҷалла солҳои охир аз банди таассуб ва каҷназарӣ раҳоӣ намеёбад. Ҳар кӣ баҳуштар аст, қаблан медонад, ки дар саҳифаҳои он кадом адибон сирф таъриф меёбанду кадомин танқид ва аз хусуси кадомҳо маҷалла хомӯш хоҳад буд.
Ман ҳоло дар мисоли муомилаи ходимону махдумони ин маҷалла ба навиштаҳои худ ин ақидаро тавзеҳ карданиам. Ҳайрат аз он аст, ки дар маҷаллаи “Садои Шарқ” имрӯз осори адибонеро, ки ситораашон ба раҳбарони он рост намеояд, ҳаргиз нашр кардан намехоҳанд, ҳатто ба китоби ин қабил адибон тақриз нашр намекунанд. Ин касон гумон мекунанд, ки агар маҷалла ин ё он адибро ном нагирифт ё доири эҷодаш сухани нағзу шоиста нагуфт, осори вай аз саҳифаи адабиёт сутурда хоҳад гашт. Магар ин содалавҳӣ аз бухлу ҳасади оҷизона об намехӯрад? Агар дар тӯли 25 соли машғулиам дар ҷодаи адабиёт ман беш аз даҳ китоб нашр кардам, “Садои Шарқ” фақат ба ду китоби ман китобиёт додаст! Бо китоби дигарон ҳам аҳвол чунин аст. Ҳол он ки ба аксари рисолаву китобу китобчаҳои олимони мо маҷаллаи адабии мо тақризе нашр мекунад. Адабиёти мо ва адибони тоҷикро хуш накардани ходимони маҷалларо сабаб чӣ бошад? Фақат нотавонбинӣ, бухлу ҳасади оҷизона?
Аз он, ки аз соли 1984 ин ҷониб як повести нави ман ба унвони “Агар вай мард мебуд…” дар идораи “Садои Шарқ” саргардон аст, хомӯш будан наметавонам. Ман пеш аз он, ки повестро ба идораи маҷалла барам, дар секцияи наср хонда, рафиқон Баҳорӣ, Шукуров ва Кӯҳзод андешаҳои худро гуфтанд, ман онро хеле тасҳеҳу такмил кардам. Аз чи бошад, ки повестро хондани аъзоёни сек-

пешина
аз 393
навбатӣ