Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“дидор ба дидор расид”, “хумори ватан ҳамеша дар дил аст”, “мардуми ҳар халқу кишвар…” Мавриди тааҷҷуб нест, бо ин гуна савод ҷонишини муҳаррир навиштаҳои аз ин ҳам бадтарро имзо мекунад.
Аз тарҷумаи “Достони бачагии Мушфиқӣ”-и Темур Зулфиқоров, ки Солеҳ тарҷума кардааст, ҷумлаеро намуна меоварам: “Саллаҳои банд-банд ҷудои гардунаи танҳои зиндагиаш ғелида ба умқи ғубори сабзгуну тиллоии роҳҳо ва он ҷо шуда пора-пораву сокиту ором ба мисли болҳои нақшини шоҳпаракҳои нобаҳангоми саҳроҳо ба тирамоҳон…” Ман ин ҷумларо аз он тарҷумаи “Садои шарқ” интихоб кардаам, тамоми як қисса ба ҳамин тарз тарҷума шуда ва ин ҳарзабаёниро маҷалла нашр карда. Ҳайратам аз он аст, ки сармуҳаррир Лоиқ Шералӣ пеш аз чоп ягон саҳифае мехонда бошад? Ба ин тарз адабиётро мазоҳ карда, нони онро хӯрдан аз инсоф набудагист ёронам?!
Ана, ба ҳамин ҳоли зори худ нанигариста, ин рафиқон аз ман ба исрор талаб доранд, ки аз рӯи завқи онон асарамро тағйир диҳам. Рафиқ Хоҷаев ба тариқи гилагузорӣ мегуфт: “Икромӣ фикри моро ба инобат мегиранду шумо не?!” Ин суханони ӯро шунида, гуфтаҳои як тан марди донишманд (бе иҷозаташ номи ӯро гуфтанам ҳоҷат набудагист) маро ба ёд омад, ки боре ба ин маънӣ изҳор дошт: “Ба Икромӣ сахт халал расонданд, ҳар як хоҳиши худро ҷабран ба вай гузаронда, асарҳои ӯро аз аслаш сусттар карданд.” Имрӯз дар анҷуман ҳамон фикрҳои Хоҷаевро доири навиштаҳои худ аз маърӯзаи М.Қаноатов шунидам.
Дигар навъ баҳоеро чашмдор ҳам набудам: барои Қаноатов маърӯзаро ҳамеша дигарон тайёр мекунанду ӯ фақат мехонад.
Чӣ хуш буд, агар раҳбарони Иттифоқи нависандагон ба асарҳои мо аз гапи мушовирҳои аксаран бехабар баҳо надода, худ китоб мехонданд…

пешина
аз 393
навбатӣ