Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар шуури баъзе адибон ва ҳатто раҳбарони Иттифоқи нависандагон ҳисси маҳалпарастӣ боло гирифтааст, ки сари роҳи инчунинҳоро қатъиян гирифтан лозим.
Доир ба танқиди адабӣ чанд сухани гуфтанӣ дорам.
Аз чӣ бошад, ки айёми охир дар адабиёти мо баъзе адибон зуд таъриф ёфта, хому пухтаи онҳо баробар тавсиф мешавад ва агар андаке шамоли танқид ба эшон расад, қариб, ки девона мешаванд. Баъзе рафиқони ҷавон як-ду повест навишта-нонавишта мақолаҳо нашр мекунанду адибонро ба неку бад ҷудо мекунанд, доир ба осори адабии ҳамқаламони худ бе ҳеҷ шакку шубҳа ҳукм мебароранд. Дӯстонам, фақат касоне нағзу бади асари дигаронро қатъан таъин карда, ҳаққи аз ин хусус ҳукм бароварданро доранд, ки устоди эътирофидаи аҳли адаб бошанд. Боре ҳадди худро шиносед, агар ду-се китоби шеър ё қиссае нашр кардаеду мунаққиде онҳоро таҳсин кардаст, ҳанӯз он аз имтиҳони замон нагузаштаст.
Икромӣ дуруст гуфтанд, ки баъзан касоне, ки ба ҳадди як хонандаи оддӣ савод ва адабиётфаҳмӣ надоранд, дар як шаб ранҷи чандинсолаи адибро баҳо медиҳанд.
Баъзан ба эҷоди адиб муаллифоне, ки ба қадри як хонандаи дуруст саводи адабӣ надоранд ва ду-се ҷумлаи саҳеҳ навишта наметавонанд, баҳо медиҳанд. Чанде аз ин муқаддам мунаққиди мӯҳтарам М.Шукуров дар боби қиссаҳою ҳикоёти ман мақолае навишта ба “Садои Шарқ” додаанд ва миёни ходимону аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла қиёмате барпо гаштаст. Албатта, агар Шукуров маро бештар аз андоза дар он мақола танқид мекарданд, он мақола ба нашр мерасид.
Ана, ҳамин бахилии оҷизона ва нотавонбинӣ аст, ки то ба имрӯз доири ҳаёту эҷоди бисёр адибони мо китобчае нашр намешавад. Адибони республикаҳои дигар доири аҳвол ва осорашон ба мо китобҳо тӯҳфа мекунанду

пешина
аз 393
навбатӣ