Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
орзуи ширини худро ҳамчун ҳақиқати воқеӣ ба қалам медоданд. Сониян, ҳар он чӣ ба гузашта мансуб буд, қариб саросар инкор мекарданд, беҳуда ва зарарнок меҳисобиданд, мероси боёну феодалон ва ё динӣ мешумурданд.
Дар баъзе маҳалҳо иди наврӯзро манъ карда, баъзеҳо сандалӣ ва ё дар кӯрпача нишастанро ҳам нишони таассуби пешин медонистанд.
Инчунин усули эҷодкорӣ ҳанӯз ҳам аз миён нарафтаст, аммо дигар равнақи он даргумон аст. Хавфи ман аз он аст, ки ба ҷои он иллати дигаре — баёни пучу бемазмун, навиштаҳои қолибзадаи авомфиребона ба миён меоянд. Чанд ҳикояе, ки айёми охир дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо мутолиа кардам, ба ин далолат мекунанд.
Истеъдод мафҳумест ё таъбирест, ки ба суханони якрангу якнавохт, такрору дилгир, забонзадаю қолибӣ, тарс ва беҷуръатӣ наздик ниҳодан наметавониаш. Нишонаҳои истеъдоди ҳақиқӣ, дар назари ман инҳо аст: афкору назари тоза, хоса каломи тафдору хотирнишин, шаклан комил будани асар, пухтабаёнӣ, мантиқи устувор ва дорои моҳияти иҷтимои башарӣ будани осори адиб аст.
Шахси соҳибистеъдод ба ҳар навъе аз тобеъият кӯркӯрона ба дастурҳои носавобу нодаркор, қоидаю қонунҳои шахшуда гурезон аст. Ҳунарвари асил аз такрори моли дигарон парҳез дорад.
Инсони соҳибистеъдод дорои хосиятҳои махсусест, ки баъзан ин хислати ӯ барои ашхоси атрофаш тоқатфарсо аст, зеро мардумон орому осуда, бехалал ва беташвиш зистан мехоҳанд, аммо дар фитрати марди соҳибҳунар беоромию беқарорӣ, тозаҷӯӣ, ҳаргиз қонеъ набудан аз рӯзгори худ ва дигарон, ба дурӯғ, норостӣ, сохтакорӣ тан надодан махлут аст. Ӯро ҳунар беш аст, имкони фаровон дорад, аз ӯ бештар бояд тақозо намуд, аммо вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё