Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
саводию безавқӣ муттаҳам мекард. Тааҷҷуби маро боис он буд, ки ӯ дар он мақола лафзи хушку бешира ва алфози бениҳоят обшуста дошт, вале аз нутқи коргари оддӣ то раҳбари идора, аз гуфтори радио то саҳифаи рӯзномаҳо
— аз ҳама домангир буд, ки аз забони фасеҳи тоҷикӣ бебаҳраанд. Чӣ гӯям, ки ҷумлаҳои худи ӯ низ бенуқсон набуданд, фасоҳату назокати фаровон низ надоштанд, аммо хонандагони мо ё ба диққат рӯзнома намехонанд ва ё хонанд ҳам, нуқсони таҳрири ӯро пай баранд ҳам, ба ҳарфи адиби аз худ бехабар ангушт намениҳанд, эроди худро ба идораи рӯзнома ирсол намекунанд. Хонандагони мо кай фаъолу талабгузор хоҳанд шуд? То ба кай мо фақат нуқсони бузург ва сифати беназирро мебинему бас?
Дар адабиёти тоҷик агар асари каму беш ҷиддие ба вуҷуд ояд, устод Айнӣ ҳароина мутолиа доштаанд ва баҳои онро муқаррар мекардаанд. Устод Айнӣ ҳам осори дигаронро мехондаст ва ҳам худ асар эҷод мекардаст.
Маҳз чунин шахсон шоистаи раҳбарӣ ва раҳбаладӣ дар ҷараёни адабианд. Чӣ хушбахтанд адибоне, ки ин чунин раҳбалади ранҷбар доштаанд!
Ҳангоми мутолиа яке аз ходимони маҷалла дар ҳошияи дастнависи ман дос барин аломати савол гузоштаасту зери ибораи “бетаъхир бед” хат кашидаст ва дар ҳошия “ислоҳ” намудаст: “биёед”. Ба ночор ман ҳам навиштам: “Ҳама дар паноҳи ҷаҳондор бед. Фирдавсӣ”.
Нуқсе, ки дар таълими баъзе аз рафиқони мо рафтаст, кам нест, аммо кӯтаҳие, ки дар тарбияи онон гузаштааст, бештар ба назар мерасад. Дар хилватгоҳи худ ҳар як инсон симои аслии худро зоҳир меунад.
Насри мо то солҳои шастум чанд нуқсони ҷиддӣ
дошт: аввало, дар аксари осори бадеии он замон адибон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё