Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тохию худписандӣ нишони ҷасорат нест, ӯ дар ҳимояи ҳақиқат, ростию виҷдон бояд ки диловарӣ кунад.


Чунон ки дар таърих саҳву хато ва хиёнати мардони сиёсӣ фаромӯш нест, дар адабиёт ҳам ғалатбинию каҷфаҳмиҳо, ноҳақию нотандиҳиҳо баъзан рух мезананд. Ҳатто мунаққиди маъруфи рус Белинский барин шахси донишманди давр ҳам дар баҳо додан ба осори адабии ҳамзамонони худ басо саҳву ғалатҳо кардааст ва адабиётшиносони рус аз саҳви ӯ чашм намепӯшанд ва хатоҳояш эътибори мунаққиди шӯҳратмандро накостааст. Ӯ роҷеъ ба “Тимсол”-и Гогол навиштааст: “…это повест решительно никуда не годится” — “ин қисса қатъиян ҳеҷ арзише надорад”. Роҷеъ ба ашъори дилписанди шоир Баратинский оварда: “…Поэзия только изредка и слабыми искорками блестит в них” — “Дар назми ӯ шеърият аҳён-аҳён ҷилва мекунаду бас”. Мунаққид осори Тютчевро умуман тақдир накардаст, аммо сатрҳои пучу беранги Красов ном шоири имрӯз гумномро ба авҷи аъло баровардааст:
“…а их историческое значение не подвержено никакому сомнению” — “Моҳияти таърихии ин осорро ҳеҷ шакеву шубҳае нест”.
Мунаққиди маъруф саҳв кардааст, баъзан ноҳақ асареро танқид ҳам карда, чунон ки ҳамзамонаш овардаанд, гоҳе ӯ “рубил с плеча без оглядки” — “ба чапу рост нанигариста ҳукм мекард”. Аммо Белинский донишманди бузургворе буд ва мисоли ҳамаи мардони заковатманд тандеҳу баинсоф ва ҷавонмардона саҳви худро иқрор ва ислоҳ кардааст. Ӯ аз ваҷҳи саҳви худ роҷеъ ба ашъори Державин навиштааст: “…отрекаюсь торжественно от этой мысли как совершенно ложной” — “…бо тантана аз ин ақидаи худ ҳамчу як фикри дурӯғ даст мекашам.” Агар дар заковати мардон ҳақиқат нест, бузургворӣ нест.

пешина
аз 393
навбатӣ