Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ман қиссаю ҳикоёти тозаи худро сараввал ба рафиқони ҳамқалами худ мебарам ва илтимос мекунам, то хонда фикри худро бигӯянд. Дар ин миён ман худ низ аз асари нав дур мешавам, онро бо чашми дигарон менигарам. Фикри устодону рафиқони ҳамқаламамро шунида дар сари такмили асари худ боз заҳмат мекашам.
Дар силки касоне, ки фикрашон бароям муҳим аст, аз адибони маъруфамон Муҳаммадҷон Шукуров, Абдумалик Баҳорӣ, ҳастанд. Ҳамеша интизори асарамро хондани марҳум Фазлиддин Муҳаммадиев будам. Ёдашон бахайр, муаллим аксари кулли осори мансурӣ то ба имрӯз ба нашр расидаи маро хонда буданд ва аксаран эродҳои он касро ба ҷон пазируфтаам. Бешак, баъзан бо муаллим сари баҳс ҳам доштам, ки аз ин хусус мақолаи алоҳидае дорам.
Аз мунаққидони ҷавону миёнсол шахсе, ки адибон боре асари тозаи худро ба вай баранду ташнаи шунидани афкораш бошанд, ҳанӯз ба миён наомадааст ва ё ман алҳол аз чунин касе дарак нагирифтаам. Дар ин ҳалқа кист, ки асари тозаи адабиётро таҳлил созаду гӯштро ба гӯшт, устухонро ба устохон ҷудо кунад?! Ман ҳанӯз ҷавони ба ин кор омилро намебинам. Мунаққидони ҷавон роҷеъ ба осори тозаи адабиёт чиҳо мегӯянд? Онҳо асарро шарҳу эзоҳ медиҳанд, баъзе хосиятҳои онро зикр мекунанд, нуқсони зоҳирӣ ва сифатҳои аёни онро баён мекунанд, ки ин корҳоро аслан ҳар як китобхони пурмутолаа, гузашта аз он ҳар як муҳаррири хуби нашриёт ҳангоми имлои эзоҳнома ба китоб ба субут расонда метавонад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ худро мунаққид ва муҳаққиқ намешуморанд. Дар ин миён касоне низ ҳастанд, ки дар салиқаи онон завқи адабиётшиносӣ бошад ҳам, дар қалби онон муҳаббат ва садоқат ба ин шуғл камтар аст ва аз ин аст, ки худро ба ҳар кӯй мезананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё