Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Надонам, соғари ишрат киро саршор мегардад,
Ки имшаб чашми соқӣ чун қадаҳ бедор мегардад!
Раги дасти маризи ишқ дорад шӯхии дигар,
Фалотун аз хумори набзи ӯ бемор мегардад.
Баландиҳои сарв аз пастии иқболи қумрӣ шуд,
Набошад оҳи булбул дар чаман, гул хор мегардад.
Хаёли турраи Лайлӣ бувад занҷири пои ӯ,
Агар Маҷнуни мо дар кӯчаву бозор мегардад.
Ба ҳар маҳфил, ки шамъи орази ӯ партавафкан шуд,
Чу ман парвона бар гирди сараш бисёр мегардад.
Агар аз мушкилоти зулфи ӯ наҳве кунӣ равшан,
Хафои дарси улфат маънии такрор мегардад.
Кушояд ҳар кӣ бар рӯяш даре аз хонаи ҳайрат,
Вале нақши вуҷудаш сурати девор мегардад.
Ба дасти Аҳриман чун шона гар ояд сари мӯе,
Саводи куфри зулфаш ҳалқаи зуннор мегардад.
Шудам парвонаи ин мисраи Бедил аз он, Туғрал:
«Чу шамъ аз узв-узвам огаҳӣ саршор мегардад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё