Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Гарчи дар роҳи муҳаббат дар такутозам ҳанӯз,
Нест мизробам бурун аз пардаи созам ҳанӯз.
Баски будам аз баҳори ҳусн гулчини вафо,
Аз шикасти бӯи гул ёбӣ ту овозам ҳанӯз.
Аз каманди ҷазбаи ишқаш раҳоӣ мушкил аст,
Чун нигаҳ домест шӯхиҳои парвозам ҳанӯз.
Нест озодӣ зи зулфаш, бошадам умри абад,
Бехабар аз сарнавишти хатти оғозам ҳанӯз.
Гар бувад олам пур аз афсонаи ишқам, вале
Шаммае воқиф нашуд як одам аз розам ҳанӯз.
Гарчи набвад ҳосиле ҷуз яъс аз васлаш маро,
Беибо ҳамчун нигаҳ ҳар сӯй метозам ҳанӯз.
Сарбаландӣ шуд насибам оқибат аз пои дор,
Рояти Мансураму дар ишқ мумтозам ҳанӯз.
Дар бисоти ишқ аз ҳаҷраш агарчи шашдарам,
Донаҳои муҳраи ин нард мебозам ҳанӯз.
Сурати мавҷи хироми нози ӯ андар чаман
Ҷилваи теҳу бувад дар дидаи бозам ҳанӯз.
Шабнамосо сард шуд аз даҳр дасти тоқатам,
Гармии меҳри кӣ дорад шӯхии нозам ҳанӯз?
Ғамзаҳои чашми ӯ шуд маҳрами рози дилам,
З-он сабаб ойинасон дар силки ғаммозам ҳанӯз.
Кай ба озодӣ расад аз хуни теғаш гарданам?
Хештанро ҳар тараф чун бисмил андозам ҳанӯз.
Нест як кас, то кунад шерозаи ҷузви сухан,
Бӯи Саъдӣ медамад аз хоки Шерозам ҳанӯз.
Ҳаббазо, Туғрал, ки мегӯяд ҷаноби Бедиле:
«Содалавҳон ришта мебанданд бар созам ҳанӯз».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё