Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,
Набошад ҳеч касро ҷои Бедил!

Намоям тӯтиёи дидаи хеш,
Агар ёбам ғубори пои Бедил.

Надидам аз сухангӯёни олам
Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил.

Агар кӯҳ аст, бошад Тури Сино
В-агар дарё бувад, дарёи Бедил!

Дили афлокро созад мушаббак1
Ливои ҳиммати волои Бедил!

Ба мижгон метавонам кард берун,
Агар хоре халад дар пои Бедил!

Намеёбам кунун холӣ диламро
Замоне аз ғаму савдои Бедил.

Қабои атласи нуҳ чархи гардун
Бувад кӯтоҳ бар болои Бедил!

Ба рифъат бартар аст аз кӯҳ, Туғрал,
Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил!

1 Мушаббак – сӯрохдор, сӯрох-сӯрох.

Хушо рӯзе, ки аз мазмуни Туғрал
Ба арз ояд дури макнуни Туғрал!

Саманди фикри худро зан ту маҳмез,
Намояд ҷилва дар ҳомуни Туғрал.

Суханҳое, ки чун сеҳри ҳалол аст,
Мураттаб гашта аз афсуни Туғрал.

Пур аз гавҳар шавад домони фикрат,
Равӣ дар қулзуми машҳуни Туғрал.

Равон шуд аз ғамаш дарё зи чашмам,
Ҳазар созед аз Ҷайҳуни Туғрал!

Аҷаб набвад, ки аз роҳи талаттуф
Ба даст орад дили маҳзуни Туғрал.

Макуш бо теғи ҳиҷронам, ки акнун
Намеарзад ҷаҳон дар хуни Туғрал!

Хаёли қомати дилдор бошад
Асои қомати вожуни Туғрал!

пешина
аз 312
навбатӣ