Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оламе аз рӯи ӯ дорад гулистон дар бағал,
Бар рухаш наззораро бошад чароғон дар бағал.

Аз саводи ҷаъди зулфаш ҳар замон бар лавҳи дил
Нусхаи ошуфтае дорам парешон дар бағал.

Тӯшаи лахти ҷигар кофӣ бувад ушшоқро,
Меравам дар роҳи ишқаш бе лаби нон дар бағал.

Кӯҳканваш кӯҳи дил кан, лафзи ширин боядат,
Шоҳиди маънӣ наёяд бо ту осон дар бағал!

Эътибороти ҷаҳон аз ҷӯши тамкини дил аст,
Мавҷи гавҳарро бувад дойим гиребон дар бағал.

Софтабъон маҳви изҳоранд дар арзи адаб,
Ҷавҳар аз ойина дорад чашми ҳайрон дар бағал.

Он қадар дӯш аз ғамаш аз дида боридам гуҳар,
Тифли ашкам меравад имрӯз тӯфон дар бағал.

Ҳамчу булбул рӯзу шаб бо нола дорам улфате,
К-аз фироқи ӯ маро бошад найистон дар бағал.

Паҳлуи ушшоқ бошад гарм дар бозори ғам,
Зоҳид аз афсурдагӣ дорад зимистон дар бағал.

Ҳар замон, Туғрал, кунун з-андеша ҳосил кардаам
Аз хаёлободи зулфаш сад шабистон дар бағал.

пешина
аз 312
навбатӣ