Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сафҳаи дилро зи мавҷи бода то мистар задам,
Қуръаи фоли тараб ман аз хати соғар задам.
Маснади ғам боргоҳи шаҳрёри ишқ буд,
Бехуд аз тарки адаб ман ҳалқа бар ин дар задам.
Ҷӯши тӯфони сиришкам дошт амвоҷи дигар,
Аз ҳуҷуми сели ғам з-ин баҳр доман бар задам.
Аз нигинам шуҳрати шӯри ҷунун пайдо нашуд,
Хотаме аз номи Маҷнун ман бар ангуштар задам.
Сӯхтам аз шавқ ман дар маҳфили нози адаб,
Тира шуд ойинаи ин базм, хокистар задам.
Ҳар кӣ дар девони ушшоқаш ба силки ғам набуд,
Номаш аз номаҳрамӣ аз сатри ин дафтар задам.
Баски будам дар суботи бори ишқаш ҳамчу кӯҳ,
Домани худро ба пойи хеш аз лангар задам.
Партаве дар кулбаам аз ламъаи дидори кист?
Оташе парвонасон имшаб ба болу пар задам.
Як гули матлаб начидам ман зи гулзори умед,
Оқибат дасти надомат ҳамчу гул бар сар задам.
Гар ба дил аз ёди чашмаш роҳи роҳат доштам,
Аз хаёли он мижа бар сина сад ханҷар задам.
Гуфтам, аз шарҳи ҳадиси ишқ зоҳидро чӣ суд?
Беасар гӯё ғалат бонге ба гӯши кар задам.
Доштам килке ман аз чӯби санавбар, оқибат
Якқалам аз баҳри таҳрири қади ӯ сар задам.
То шавал боғи сухан рангин зи файзи маъниям,
Бар рухи мазмуни гул аз фикри худ ништар задам.
Бо чунин дониш бибин, Туғрал, ки Бедил гуфтааст:
«Ман ҳам аз номаҳрамӣ бонге буруни дар задам!»

пешина
аз 312
навбатӣ