Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Фурӯзад шамъи рухсораш агар дар кулбаи торам,
Ба оғӯши тапиш аз бехудӣ парвонаосорам.
Яке саргаштаам дар водии ишқи парирӯе,
Ки ҷуз андӯҳу кулфат нест дигар ёри ғамхорам!
Зиёи меҳри рухсораш ба имонам кунад даъват,
Саводи куфри зулфаш мекунад таклифи зуннорам.
Агар дастам расад бо домани васли нигор, эй дил,
Яқин донӣ, ки то рӯзи қиёмат ҳеч нагзорам!
Лабаш ҳар дам ҳаёти тоза мебахшад Масеҳосо,
Агарчи мекушад тири нигаҳ ҳар рӯз сад борам.
Ҳилоли абруяш иди Сиём омад ба чашми ман,
Ки то аз хуни дил кардам тамом имрӯз ифторам.
Чунон гардидаам маҳви тамошои ҷамоли ӯ,
Ба миръоти таҳайюр ҳамчу акси нақши деворам.
Аз он рӯзе, ки савдои хаёлаш бар сарам омад,
Ба бозори муҳаббат нақди ҷони худ ба каф дорам.
Ниқоб аз рух наяндозад муаммои мани Туғрал,
Ки холӣ аз такаллуф нест мазмунҳои ашъорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё