Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Навбаҳорэҷодам, равнақи ҳамал дорам,
Ҳамчу гулбуни маънӣ ғунча дар бағал дорам.

Дода то маро рухсат муршиди хароботам,
Ғайри миллати ушшоқ кай ғами милал дорам?!

Зулфи ӯ намегардад мониъи ҷунуни ман,
Ҳамчу шамъи базми васл оҳи бемаҳал дорам.

Поймоли дунонам гар зи пастии толеъ,
Аз баландии ҳиммат маснади Зуҳал дорам.

Хондаам китоби ғам дар сулуки маҷнунӣ,
Омили ҷунунам, лек вазъи беамал дорам.

То ба кай зи нодонӣ мебарӣ ҳасад бо ман?
Ин ҳама сухандонӣ қисмат аз азал дорам!

Фаҳми маъниям дорад қадру шакли устурлоб1,
Ҳандасӣ агар хонам, ҳарфе аз ҷумал дорам.

Гардиши фалак акнун гар маро диҳад фурсат,
Нусхаҳо ҳамесозам, бим аз аҷал дорам.

Дар сухан намебошад дигаре назири ман,
Ғайри ҳазрати Бедил ман куҷо бадал дорам?!

Маҳви ҳайратам, Туғрал, ман зи мисраи Бедил:
«Бе ту зиндаам, яъне, марги беаҷал дорам!»

1 Устурлоб – асбобе, ки мунаҷҷимон ба воситаи он гардиши ситораҳоро мушоҳида мекунанд.

пешина
аз 312
навбатӣ