Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ба олам хешро аз бехудӣ афсона месозам,
Ба ёди ҷоми васлаш наъраи мастона месозам!
Агар бошад калиди қуфли ҷаннат субҳаи зоҳид,
Зи ашки хеш ман ҳам субҳаи саддона месозам.
Ба мардум гар ҳамин бошад тариқи ошноиҳо,
Чу ашки нӯги мижгон хешро бегона месозам.
Мапурсед аз саводи қиссаи рӯзи сиёҳи ман,
Шаби он зулфро кӯтаҳ аз ин афсона месозам.
Агар сомони истиғнову тамкини ту ин бошад,
Ба роҳат з-интизор аз чӯби наргис хона месозам.
Хаёли зулфаш аз хоби парешон кард бедорам,
Қалам дар васфи тобаш аз забони шона месозам.
Адоят гашт акнун мониъи завқи суҷуди ман,
Бути нозофаринам гар туӣ, бутхона месозам!
Фурӯғи оразат ҳар ҷо чароғи базми маҳфил шуд,
Ба гирди шамъи рӯят хешро парвона месозам.
Наметарсам зи найрангу фусуни мори он гесу,
Ватан чун ганҷ умре шуд, ки дар вайрона месозам.
Аз он рӯзе, ки шуд по банди занҷири сари зулфат,
Ба занҷират, ки худро баъд аз ин девона месозам!
Чӣ хуш гуфтаст ин ҷо Бедили базми адаб, Туғрал:
«Ҳамон гирди сарат мегардаму паймона месозам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё