Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Адабсармояи ишқам, мапурс аз шӯхии нозам,
Навои нағмаи «Ушшоқ» дорад пардаи созам.

Чу най мехостам ман нолае созам зи ҳиҷронаш,
Хаёли зулфи ӯ шуд мониъи ҷавлони овозам.

Наметарсам ман аз расвоии худ, лек аз он тарсам,
Ки ифшо гардад аз ишқаш чу Маҷнун бармало1 розам.

Баму зери хамӯшӣ кай кунад мизроби ман дигар?
Ба ғайр аз сози қонуни ту оҳанге намесозам.

Зи фарзин кардаам аспи ҳавас аз баҳри он шаҳрух,
Бисоти оразаш нардест, ман шатранҷ мебозам.

Фиғону нолаву оҳи маро ҳаргиз ту нашнидӣ,
Расад имрӯз дар гӯши Масеҳо гарчи овозам.

Наёмад домани васли ту, эй маҳ, бар кафам ҳаргиз,
Агарчанде ки чун мадди нигаҳ ҳар сӯй метозам.

Аз он рӯзе, ки фикрам дар шикори сайди маънӣ шуд,
Ба шӯхӣ чун кабӯтар аз нигаҳ дар дидаи бозам.

Ғуруру ноз то кай манъи эҳсони ту месозад?
Хушо рӯзе, ки бо ними нигаҳ созӣ сарафрозам.

Ғубори дидаи халқам гар аз бетолиъӣ, лекин
Миёни аҳли маънӣ дар чаман чун сарв мумтозам.

Худоро, як назар кун ҷониби сеҳри ҳалоли ман,
Агарчанде ки пайғамбар наям, кам нест эъҷозам.

Хушам, Туғрал, ман аз мазмуни бонги қул-қули Бедил:

1 Бармало – намоён, ошкоро.

пешина
аз 312
навбатӣ