Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биё, эй боиси шӯри ҷунунам,
Ки чун зулфи диловезат нигунам!

Туӣ он шоҳиди ширинтакаллум,
Ман он Фарҳоди кӯҳи Бесутунам.

Агарчи дурам аз васлат, валекин
Далели шавқ бошад раҳнамунам.

Напурсидӣ зи аҳволам, ки чун аст,
Биё, бингар, ки бе рӯи ту чунам!

Нагуфтӣ дар гаҳи паймону савганд,
Ки бошад бо ту дар ин ҷо сукунам.

Ҳанӯзам дар вафо таслим н-орӣ,
Чу кардӣ дар ҷафоҳо озмунам.

Куҷо шуд аҳду паймоне, ки кардӣ?
Фиребидӣ ба талбису фусунам!

Ба фармони ғамат аз ман чӣ cap зад,
Ки афкандӣ чунин хору забунам?!

Хаёли сӯзани мижгон-ш, Туғрал,
Руфӯ созад ҳама чоки дарунам.

Ишқи ту балои ҷону динам,
Дарду алами ту ону инам.

Бо ишқи ту шуҳраи замонам,
Гарчанд фитодаи заминам.

Доғам зи ғами ту лолаосо,
Чок аст аз он дили ҳазинам.

Эй сайди камони абруят ман,
Чашми ту ҳамеша дар каминам.

Лаълат ба ситеза мефишонад
Ҳанзал ба даҳан зи ангубинам.

Ҳарчанд ки дурам аз бари ту,
Номи ту бувад хати нигинам.

Рам карда зи мо ғизоли хӯят,
Будаст магар қадар ҳаминам?

Як бор нагуфтӣ аз талаттуф,
К-эй ошиқи зори камтаринам,

Мақсуди ту чист, к-ончунонӣ?
То бу, ки бигӯямат чунинам.

Ҷону дилу дин ба бод додам,
Бо мусҳафи рӯи ту яминам.

Аз ишқи ту суди ман ҳамин бас,
Фарҳод бигуфта офаринам.

Номам чу ба ошиқӣ алам шуд,
Туғрал, шуда сархати ҷабинам.

пешина
аз 312
навбатӣ