Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман аз соқӣ барои дафъи ғам тавқир1 мехоҳам,
Зи ҷӯши қул-қули мино чу май ташҳир мехоҳам.

Зи наздикони ишқам, гарчи аз тарҳи хирад дурам,
Зи вайронӣ бинои хешро таъмир мехоҳам.

Барои хирмани меҳнат, ки хокаш бар фалак бодо,
Зи барқи дил яке оҳи шарартаъсир мехоҳам.

Зи ишқаш нест ҷуз ҷӯши арақ сомони кори ман,
Саре дар пои ӯ меафканам, ташвир2 мехоҳам.

Шабе чун шона ҳушам рафт андар кишвари зулфаш,
Аз ин хоби парешон аз ту як таъбир мехоҳам!

Ҷунуномодаи доғи таманнои ғами ишқам,
Ба пои хеш аз зулфи ту ман занҷир мехоҳам!

Ба шамъи орази худ роҳи торикам мунаввар кун,
Ки дар зулмоти гесӯят яке шабгир мехоҳам.

Камар чун хома халқе баста дар шарҳи рухат, лекин
Ман андар мусҳафи рӯи ту як тафсир мехоҳам.

Зи райҳони лабаш маълум шуд эъҷози ёқутӣ,
Ба даври лаъли ӯ як-ду хати таҳрир мехоҳам.

Ба ҷуз сомони ҳайрат нест аз наззораи рӯяш,
Нигоҳе сӯи ӯ аз дидаи тасвир мехоҳам!

Чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, ҳазрати мавлои ман Бедил:
«Кушоди кори худ бе нохуни тадбир мехоҳам!»

1 Тавқир – бузург доштан, эҳтиром.
2 Ташвир – ошӯбу изтироб.

пешина
аз 312
навбатӣ