Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Оҳ аз ҷӯши сафои табъи маънизои ман,
Занги ғам ойинасон бигрифт cap то пои ман!
Оқибат аз дасти найранги Зулайхои қадар
Гӯшаи зиндони меҳнат шуд чу Юсуф ҷои ман!
Меҳри роҳат душманам гардида аз бахти сияҳ,
Дӯстонро нест ҳаргиз заррае парвои ман!
То шудам ман маҳрами майхонаи базми вуҷуд,
Бодаи ишрат нахоҳӣ ёфт аз минои ман!
Муштарииқболи назмам, лек дар бозори даҳр
Ҷуз қумоши ғам набошад дигаре савдои ман!
Дастбанди даъвиям буд ҳалқаи зулфи бутон,
З-он сабаб шуд баста бе занҷир акнун пои ман!
Гаштам аз туҳмат асири дӯзахи қаҳри адӯ,
Ёди чун гулзори ҷаннат манзилу маъвои ман!
Туғрал, аз ҷаври фалак гаштам асири қайди ғам,
Гар на лутфи Ҳақ бибахшояд ба ҳолам, вои ман!
Тоби рухат надорад хуршеди тоқи гардун,
Бишкаста қадри ёқут аз ин ду лаъли майгун.
Имрӯз чун ту шоҳе набвад ба мулки хубӣ,
Яксар сипоҳи ғамза ҳамроҳи чашми мафтун.
Ҷорӣ шавад зи чашмам, гирям агар зи ҳаҷрат,
Мардум ба об монад, наҳре шавад чу Ҷайҳун.
Ё Раб, зи зулмкӯшӣ доим чаро хамӯшӣ,
Рухро ҳамеша пӯшӣ аз ошиқони маҳзун?!
Ҷоми шароб то кай бо ғайри мо бинӯшӣ?
Эй Лайлии замона, раҳме ба ҳоли Маҷнун!
Андар ҳарими васлат маҳрам ҳамеша ағёр,
Бо мо, ки мурдам аз ғам, лутфе, ба ҳаққи бечун!
Номат ба ҳар сари байт бинҳода ҳамчу тоҷе,
Ҷон шуд бурун, ки Туғрал то вокашид мазмун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё