Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин чӣ тариқи караму бахшиш аст,
Як силаи мадҳ тумони тилост?!
Чун нашавад ҷавҳари теғаш баланд,
Ҷавҳари фӯлод зи устодҳост.
Гарчи Зуҳурӣ ба зуҳур омадаст,
З-омадану рафтани ӯ ғам кирост?!
Субҳи таҷаллӣ зи Хутан cap кашид,
Нофаи назм аз суханаш кимиёст.
Он чи Адо гуфта ба девони хеш,
Гуфтаи ӯ лек зи маънӣ адост.
Шоираи бокира, Махфисухан,
Духтари шаҳ, шуҳра ба Зебуннисост.
Кист Ҳилолию Зулолӣ ба ҳам,
Наргисию Мактабӣ дар кӯчаҳост!
Гуфтаи Шавкат ба шикасти сухан
Муми сиёҳ аст, на чун мумиёст!
Чанд ғазал гуфтаи Носиралист,
Бар дари султони сухан ӯ гадост.
Булфараҷ, он шоири маънибаланд,
Анварӣ дар даъвии назмаш гувост.
Шайх Абӯтолиби Аттор ҳам
Субҳи сухан аз нафасаш атрҳост.
Мирҳусайн аст зи содоти Ғур,
Лек ба токи суханаш ғӯраҳост.
Гар Асадӣ дар фалаки назм буд,
Як тане аз сабъаи1 сайёраҳост.
Афлаҳи шоир, ки шакарганҷӣ аст,
Аз суханаш махзану ганҷинаҳост.
Хоҷаи бузрук Ҳасани Деҳлавӣ,
Ҳусни суханро зи каломаш гувост.
Дар фани ашъор бувад ӯ ваҳид,
Авҳадӣ ҳарчанд ки аз авлиёст.
Фитрат агар ҳамдами Бедил бувад,
Ҳолааш андар маҳи Бедил Суҳост.

1 Сабъ – ҳафт; шоир ҳафт сайёраро дар назар дорад.

пешина
аз 312
навбатӣ