Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Нест ба туркӣ чу Фузулӣ дигар,
Бода ҳамон бода бувад, ҳар куҷост.
Уммари Хайём накӯ шоир аст,
Беғазал аст, лек рубоисарост.
Рафт Умедӣ зи ҷаҳон ноумед,
Тавсани Бисмил ҳам аз ӯ қаҳқарост.
Рукни Нишопурии аркони назм
Аз сухани ӯ дару деворҳост.
Маскану маъвои Имомӣ Ҳарист1,
Муқтадии Саъдӣ, имоми ҳудост.
Шайхи накӯ Озарии хушсухан,
Шаъшаъаи шеъри вай аз шуълаҳост.
Урфӣ, ки аз урфи сухан ғофил аст,
Машҳади назмаш сухани Карбалост.
Буд Ироқӣ зи Ироқи Аҷам,
Сози «Ироқ»-аш арақи ин навост.
Ҳотифӣ гуфтаст яке маснавӣ,
Маснавии ӯ ҳама афсонаҳост.
Нозими бечора ба навъи сухан
Хӯшакаши хирмани маънинамост.
Лек ба як маснавӣ ду ҳафт сол
Шуғл намудан на зи фикри расост.
Аҳлӣ, ки буд аҳли каломи рақиқ2,
Аҳлану саҳлан ҳама бемарҳабост.
Толиби Омул, ки надорад амал,
Аз амали назм каломаш ҷудост.
Муҳташам ар рафт пайи Анварӣ,
Рӯз сафед аст, пайи ӯ сиёст.
Беҳ, ки Умар лофи сухан кам занад,
Гулшани ӯ маҷмаи хору гиёст!
Ори ман ояд сухан аз дигарон,
Маснади шаҳ орӣ аз ин бӯриёст.
Лек кунун як-ду-се тифланд хурд,
Саъй намоянду расандаш, сазост.
1 Ҳарӣ – ҳиротӣ.
2 Рақиқ – тунук; каммоя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ