Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Моҳи ман ҳар гаҳ кушояд турраи лаблобро1,
Мебарад аз ҷаъди марзангӯш обутобро.
Афканад аз рутба, аз рух афканад ҷилбобро2,
Дурди анвори ҷамолаш софии маҳтобро.
Мусҳафи рӯяш, ки бошад аз хати райҳони сунъ3,
Котиби қудрат куҷо монад ғалат эъробро?4
Дар ғамаш килки дабири қалби ман хат мезанад
Аз тапидан изтироби нусхаи симобро!
Медавонад з-ашки хунин ҳар замон рӯди дилам
Беибо бар рӯи ман ин тифли беодобро!
Дар чаман аз тарзи рафтораш чӣ мепурсӣ зи ман,
К-аз хиромаш пой дар занҷир бошад обро!
Фарқи бисёр аст байни мову зоҳид дар суҷуд,
Кай баробар мекунам бо абруяш меҳробро?!
Кӯҳкан, мекан ба нохун кӯҳи танро аз ғамаш,
Нағмаи дигар бувад оҳанги ин мизробро!
Аз ҳуҷуми ашки худ ҳар лаҳза метарсам, к-аз он
Хоки ин саҳро ба санг орад сари селобро!
Рӯзу шаб, Туғрал, навиди интизори мақдамаш
Мебарад аз чашми ҳайронам чу махмал хобро.
1 Лаблоб – гиёҳе шабеҳи нилуфар.
2 Ҷилбоб – чодар.
3 Сунъ – сохтан, офаридан, эҳсон.
4 Эъроб – ҳаракоти ҳарф ё калимот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё