Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Нузҳати кӯят барад равнақи гулзорро,
Шуҳраи ҳуснат дарад пардаи асрорро.
Захми фироқи туро ҳеч ба ғайр аз аҷал,
Чора набошад дигар бандаи ночорро.
Бинад агар барҳаман1 турраи шабранги ту,
Аз хами зулфат кунад ҳалқаи зуннорро.
Нағмаи шавқат канад пардаи мизроби ғам
Аз баму зери ҷунун зеру бами торро.
Маснади кӯи турост рутбаи авранги Ҷам,
Кард қазо қисматам сояи деворро.
Мурданам аз рашк беҳ, боди сабо гар кунад
Маҳрами хоки дарат дидаи ағёрро.
Бод туро офарин, Туғрали рангинсухан,
Булбули гӯё туӣ гулшани ашъорро!
1 Барҳаман (бараҳман) – пешво ё пайрави мазҳаби бараҳманӣ.
Шӯхи ман ҳар гаҳ кушояд турраи чун қирро,
Мекунад шерозаи домони гул занҷирро.
Карда устоди азал шарҳи гулистони рухаш
Аз ғубори хатти райҳон шеваи таҳрирро.
Ман шаҳиди теғи абрӯям, барои қатли ман
Аз шикасти моҳи нав кун қабзаи шамшерро.
Монӣ, аз суратгарӣ бигзар, ки натвон ёфтан
Дар татаббуъхонаи Чин нақши ин тасвирро!
Аз қазо ман бо ҷафову ҷавру зулмаш розиям,
Баски тағйире набошад хомаи тақдирро.
Бар дилам аз захми пайконаш асар пайдо нашуд,
Аз пари анқо бувад боли расо ин тирро.
Ҳеч дидастӣ, ки андар мазраъободи ҷаҳон
Мурғи маънӣ ром гардад донаи анҷирро?!
Мезанад чашмаш камони фитна, гар орад ба зеҳ
Бо пари як новаки бедод сад нахчирро.
Беш аз ин улфатпарасти ваҳми ҳайронӣ мабош,
То ба кай дар хоби махмал қуръаи таъбирро?
Бигзар аз савдои авҳоми хаёли симу зар,
То куҷо хоҳӣ кашидан миннати иксирро1?
Дар балои ҳаҷри ӯ, Туғрал, таҳаммул пеша кун,
Раҳм набвад ҳеч хӯи он ҷафотахмирро!
1 Иксир – кимиё ё ҷавҳаре, ки моҳияти ашёро тағйир диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё