Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Менамояд бар лаби ҷӯ акси моҳи ман дар об,
Метавон аз моҳ то моҳӣ ҳама будан дар об.

Нест суде сифларо аз суҳбати равшандилон,
Сахт расво мешавад, ояд агар оҳан дар об!

Гуфт зоҳид: «Хешро дар хоб дидам дар бараш»,
Гуфтамаш: «Таъбири хоби худ бигӯ равшан дар
об!»1

Дар талоши акси як рӯ сад гиребон пора шуд,
Кай ба осонӣ расад ойинаро доман дар об?!

Гӯи сабқат2 мебарам имрӯз аз фатвои шак,
Мардуми обӣ агар даъво кунад бо ман дар об.

Ҳеч мумкин нест дар гирдоби ин амвоҷи ғам
Киштии мақсудро бе нохудо рафтан дар об!

Дар сулуки ишқ кам аз баччаи бат3 нестӣ,
Дар ризои дӯст ҳар дам медиҳад ӯ тан дар об.

Зери тӯфони сиришкам, Туғрал, аз ҳиҷрони ӯ,
Беҳ, ки аз ин хоксориҳо маро мурдан дар об!

1 Ин ҳамон таъбири кинояомези тоҷикист, ки мегӯяд: «хобатро ба об гӯй». Яъне, ту ноком мемонӣ.
2 Гӯйи сабқат бурдан – пешгом будан дар озмун ё дар сабқат.
3 Бат – мурғобӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ