Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баски бисёр аст сунъи қодири бечун дар об,
Мезанам ман ғӯта монанди гуҳар акнун дар об!

Бар лаби ҷӯ обро ойинаи уммед кун,
То тавонӣ дид акси он қади мавзун дар об!

Ҳуснаш аз ҷӯши сафо аз васфи мо мустағнӣ аст,
Кас чӣ сон бандад зи софӣ гавҳари мазмун дар об?

Хезу доман каш, наӣ маллоҳ, аз ин баҳри ғам,
Бими тӯфон аст, маншин он қадар афзун дар об!

Баски аз мастист бар рухсори чун лаълаш арақ,
Ҳамчу марҷоне, ки бинмояд рухаш гулгун дар об!

Туғрал, аз ҳаҷраш басе аз дида боридам гуҳар,
Аз ҳуҷуми ашкам охир мешавад ҳомун дар об!

Моҳ дар пеши рухат як ламъа1 бошад аз сароб,
Гул зи девони ҷамолат як варақ аз сад китоб.
Фикри зулфат доштам, шавқат ба дил зад оташе,
Сӯхтам чандон, ки печидам ба худ з-ин печутоб.
Оразе чун меҳр дорӣ, з-оҳи мо ғофил мабош,
То нагардад офтобат тира аз ҷӯши саҳоб.
Аз дили зоҳид набошад баҳра канзи2 ишқро,
Шоҳро ҳосил нагардад мол аз мулки хароб.
Ман шаҳиди теғи ишқам, дуди оҳам шуд алам,
Бар сари хокам гузар кун, то намонӣ аз савоб.
Тоири наззора бо хоки дари ӯ чун расад,
Бар фалак ҳампоя бошад аз баландӣ он ҷаноб.
Дар талоши ҷустуҷӯи ҳалқаи гесӯи ӯ
Мавҷ дорад обила бар пой ҳар дам аз ҳубоб.
Як ҷаҳон ханҷар муҳайё кардӣ аз мижгони хеш,
То кай истиғно? Худоро, баҳри қатли ман шитоб.
Дам ба дам ҷӯши хаёли шабнами рӯи гулаш
З-осмони ҳусн метозад ба фарқам чун шаҳоб.
Аз нигаҳ бар рӯи ӯ сози бами худ зер кун,
То надаррад аз тамошо бар рухаш тарфи ниқоб.
Тирабахтиҳо насибам шуд зи девони азал,
Сарнавиштамро қазо кардаст аз боли ғуроб.3
Чанд рӯзе шуд, ки дорам бо тааммул улфате,
Шоҳиди маънӣ ҳамон беҳтар, ки набвад дар ҳиҷоб.
То зи файзи огаҳӣ, Туғрал, сухан cap кардаам,
Баъди ман шоир касе дигар намебинад ба хоб.

1 Ламъа – шӯъла
2 Канз – ганҷ.
3 Ғуроб – зоғ.

пешина
аз 312
навбатӣ