Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳино аз хуни мардум баста дастат,
Шуда гулгун ду лаъли майпарастат.

Ба қатли ошиқон теғи ду абрӯт,
Зи мижгон саф кашида чашми мастат.

Ба мо килки қазо ишқат навишта:
Маро ошиқ, ту маъшуқ аз аластат1.

Ҷаҳони ҳуснро шоҳӣ мусаллам
Туро гардид аз тарзи нишастат.

Агар андар муҳити ғам дили мо
Шавад моҳӣ, ки то гирӣ ба шастат.

Наям осуда аз ишқи ту, Туғрал,
Инони ихтиёри ман ба дастат!

1 Аласт – нахуст, ибтидо.

Зиҳӣ, ойинаро ҳайрат хаёли акси тасвират,
Камони фитнаро новак ҳадиси чашми зеҳгират!

Чу хок акнун ба бод аз оташи теғи туам, лекин
Басе ҷавҳар зи хунам гул кунад аз оби шамшерат.

Намерӯяд ба ҷуз ёқут дигар ҳеч аз хокаш,
Агар резад ба ҳар ҷо қатрае аз хуни нахчират.

Вуҷуби сарнавишти хомаи най нест бишкастан,
Дурустӣ нест мумкин дар қалам иншои тасвират.

Набандад бастаи зулфат дари шодӣ ба рӯи худ,
Ки фатҳулбоби ғам дорад ҳамин овози занҷират.

Сафо ҳамчун араз1 шуд лозими ҷисми латифи ту,
Магар аз ҷавҳари хуршед бинмуданд тахмират?!

Зи найранги аҷоибхонаи чашми ту ҳайронам,
Ки дорад фитнаро бедор хоби нозтаъбират.

Зи бӯи ғунчаи мадҳи ту акнун вақти он бошад,
Гулистон бишкуфад дар сафҳаам аз ранги таҳрират.

Камондори хаёли абруят то новакафкан шуд,
Нафас монанди рангам рафт дунболи пари тират.

Чӣ афсун аст, ё Раб, дар забони мори он гесӯ,
Ки оламро кунун бо як сари мӯ кард тасхират?!

Хушо аз мисраи мавзуни дарёи сухан, Туғрал:

1 Араз – матоъ, коло.

пешина
аз 312
навбатӣ