Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Қиёмат мекашад килки Фарангистони тасвират».

Ҳаёти Туғрал аз ишқи ҳабиб аст,
Ҷафои Туғрал аз дасти рақиб аст.

Бувад Туғрал асири зулфи ҷонон,
Ба Туғрал ҳар чӣ ояд, ё насиб аст.

Даме о сӯи беморони ишқат,
Ки бемор интизор андар табиб аст.

Биё, эй ҷон, ба истиқбол берун,
Ки ҷонон сӯи мо ояд, қариб аст.

Чаро аз ҳаҷри ӯ чун най нанолам,
Ки чун маҳҷур бе сабру шикеб аст!

Яке ояд ба сӯи кулбаи ман,
Навозишҳои ӯ баҳри ғариб аст.

Надонам хоб бо афсона, Туғрал,
Ҳамегӯям: дуогӯяш Нақиб аст.

Агар дил маҳви он рухсори зебост,
Зи ҷавҳар мавҷи ин ойина дарёст.
Надорад доғдори ишқ қадре,
Ватан бо лола андар кӯҳу саҳрост.
Машав дар меҳри имкон ҳамчу шабнам,
Ҷаҳон дар сояи ин боли анқост.
Ба вақти аҷз душман дӯст гардад,
Ба зонуи Сикандар фарқи Дорост.
Ҳарими ҳурмати дилдор дур аст,
Басе дар роҳи ишқаш зеру болост.
Бувад ушшоқ масти бодаи ғам,
Уруҷи1 нашъаи мо кай зи миност?!
Ба олам ҳар куҷо бошад агар дил,
Асири ҷаъди он зулфи мутаррост.
Бисоти ишқ шуд то маснади мо,
Кулоҳи ифтихори мо фалаксост.
Дуиро нест раҳ дар маскани ишқ,
Дили ошиқ аз ин савдо мубаррост2.
Диҳад сад мурдаро ҷон аз такаллум,
Ба эҳё лаъли ӯ рашки Масеҳост!
Ба ёди гесуяш ашкам гираҳ зад,
Зи мавҷ ин баҳрро занҷир бар пост.
Худоро, ҷониби мо кун нигоҳе,
Сафед аз интизорат дидаи мост!
Хушо з-ин мисраи Бедил, ки, Туғрал,
«Хаёле садди роҳи ибрати мост».

1 Уруҷ – парвоз; боло рафтан.
2 Мубарро (барӣ) – пок.

пешина
аз 312
навбатӣ